
Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба — яке аз санаҳои муҳим ва пуршарафи таърихӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии вижа баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ ду нафар аз собиқадорони ҷанги Афғонистон — Исоев Маҳмадшариф ва Раҷабов Маҳмадраҷаб, ки солҳо пеш дар муҳорибаҳои душвор иштирок кардаву аз худ шуҷоат нишон додаанд, аз тарафи роҳбарияти муассиса бо эҳтиром ва арҷгузорӣ қадрдонӣ гардиданд.
Директори муассиса Носир Сафарализода ва раиси кумитаи иттифоқи касаба Манижа Раҳимбекова собиқадоронро аз номи коллективи Институт ба ин ҷашни фархунда муборакбод карданд.
Ин иқдом на танҳо ҳамчун ифодаи арҷгузорӣ ба ҷоннисориҳои собиқадорон арзёбӣ мешавад, балки ҳамчун як василаи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва арзишҳои миллӣ низ аҳамияти баланд дорад.
Қадрдонии шахсони дар ҷанг иштирокдошта нишон медиҳад, ки ҷомеа ҷоннисориҳо ва хидматҳои онҳоро фаромӯш накардааст ва ин гуна чорабиниҳо барои нигоҳ доштани робитаи наслҳо ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.