
Имрӯз, санаи 22.05.25с ҷаласаи навбатии лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси Институт доир гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин:
1. Ҳисоботи 6-моҳаи ходимони илмии лабораторияи ГФ ва П дар соли 2025.
2. Омодагӣ ба ҷамъбасти ҳисоботи 5-сола оид ба лоиҳаи илмии лаборатория “Системаҳои гранитоидии маъданӣ-магмавии оҳану тиллотавлидкунандаи Тоҷикистон” тайи солҳои 2021-2025 (ҳисоботи иҷрокунандагони лоиҳа).
3. Масъалаҳои ҷорӣ - мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба рӯномаи аввали ҷаласа мудири лаборатория, д.и.г.-м. Ғафуров Ф.Г. хоҳиш намуд, ки ҳама ходимони илмии лаборатория аз ҳисоботи 6-моҳаи худ маълумот пешниҳод намоянд. Ҳама ходимони илмӣ аз фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташкиливу методии худ ахборот манзур доштанд.
Дар хусуси рӯзномаи дуюми ҷаласа муттасаддиёни қисматҳои ҷудогонаи лоиҳаи илмии лаборатория ҳисоботи худро манзур доштанд. Муттасаддиён муваззаф гардиданд, ки бобҳои алоҳидаи лоиҳаи илмиро то моҳи июли соли ҷорӣ ба лаборатория пешниҳод менамоянд.
Дар кори ҷаласа директори Институт Сафарализода Н.С. чун муттассадии қисмати Тоҷикистони марказӣ ва шимолии лоиҳаи илмӣ назди аъзоёни лаборатория баромад намуда, аз ҳозирин хоҳиш ба амал овард, ки ҳарчи зудтар ҳисоботи 5-солаи худро ба лаборатория пешниҳод намоянд.
Дар фароварди ҷаласа қарорҳои дахлдор нисбат ба рӯзномаҳои ҷаласа қабул гардиданд.


