
Аз нахустин рӯзҳои заминҷунбӣа дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, ки беш аз як моҳ қабл рух дода буд, қатори садҳо нафари дигар, ки барои кумак ба осебдидагон ба минтақа аз шаҳри Душабе равон карда шуда буданд, 8 нафар кормандони Инстути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ сафарбар шуда буданд. Ин дастаи ҳаштнафара аз ҷониби корманди Институт Раҳматшоҳ Фозилов сарварӣ мешавад.
Баъди ҷудо намудани қитъаи замин ба хонаводаҳое, ки бар асари зилзила манзилҳои истиқоматии худро аз даст доданд, бо қарори Ҳукумат сохтани бинои нави истиқоматӣ барои оилаи сокини Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Азиз Юсуфов ба зиммаи кормандони Институт вогузор шуд.
Дар айни замон онҳо барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёди манзили нав ба ин хонаводаи зарардида талош мекунанд. Ин хона бо усули ҳашар, ки ғайр аз кормандони Институт боз аҳолии маҳал ҳам ҷалб шудаанд, бояд ҳарчи зудтар сохта ба истифода дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми апрели соли соли 2025, соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ сабт шуда буд, ки марказион 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буд. Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии АМИТ қувваизилзила дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил дод.
Ба дунболи он соатҳои 12:14 ва 13:33 пасларза сабт шуд, ки тахминан дар ҳамон маҳдуди ҷуғрофӣ, вале бо қувваи камтар рух дод.
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мушаххас намудани ҳаҷми зарари расида филҳол Комиссияи давлатӣ ташкил кард, ки ба он роҳбарони кулли вазорату идораҳои дахлдор шомил гарданд ва аз ҷониби муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода сарварӣ мешуд.
17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузориши шахсони масъул барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминҷунбӣ, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёриву ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ноҳиявии Рашту Тоҷикобод вазифадор гардиданд, ки оид ба муайян намудани хисороти расида аз заминҷунбӣ, ташкили корҳои бартарафсозӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ пурра бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фавран чораҳои зарурӣ андешанд.
8 нафар кормандони Инстути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон азм доранд, ки дар кори ободонии минтақаҳои зарардида саҳми муносиб гузоранд.

