Дар лабораторияи канданиҳои фоиданок ҷаласаи васеъ оид ба муҳокимаи рисолаи номзадии Сафари Нусратулло дар мавзӯи “АСОСНОККУНИИ ГЕОЭКОЛОГӢ, БЕХАТАР ҶОЙГИРОНӢ, НИГОҲДОРӢ, ДАФНИ ПАРТОВҲОИ САНОАТИ КӮҲИИ МАЙДОНИ МАЪДАНИИ ЧОРЕ (ТОҶИКИСТОНИ МАРКАЗӢ)” барои баррасии минбаъда дар Шурои олимон ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геологию минералогӣ аз рӯйи ихтисоси 25.00.36 - Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат (аз рӯйи соҳаҳо) зери роҳбарии доктори илмҳои геологию минералогӣ Валиев Ш.Ф баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур аъзоёни лаборатория ва олимону мутахассисони соҳавӣ аз дигар лабораторияю марказҳои илмии Институт фаъолона ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи васеъи лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис муҳокимаи рисолаи доктории ходими пешбари илмии лабораторияи мазкур, номзади илмҳои геология, минералогия Ғафуров Ф.Г. дар мавзӯи “МИНЕРАЛОГИЯ, ХУСУСИЯТҲОИ ГЕОКИМИЯВӢ ВА ПАЙДОИШИ ЗУҲУРОТИ КАРБОНАТИТИИ ТОҶИКИСТОН” аз рӯйи ихтисоси 25.00.05 - Минералогия, кристаллография доир гардид. Дар ҷаласа на фақат кормандони муасссиса, балки кормандони соҳавӣ аз идораю ташкилотҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, фикру мулоҳизаи худро оид ба мазмуну мундариҷаи рисола иброз намуданд.