Бо мақсади ҳамкорӣ ва имзои созишномаҳои иловагӣ дар самти сейсмология ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шароити рушди босуръати донишҳои муосир, миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии мубориза бо заминҷунбии Вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин вохӯрии корӣ барпо гардид.
Расм: Гурӯҳи кории Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳангоми мулоқоти корӣ дар яке аз пойгоҳҳои худкори Агентии мубориза бо заминҷунбии Вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин.
Зимни мулоқот ба тақвият ва густариши хамкорӣ миёни ду институти илмӣ таъкид гардида, доираи васеи масоили ҳамкории дуҷониба дар бораи насб ва ташкил намудани стансияҳои муосиру пешрафтаи сейсмикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои назорат ва идораи маълумотҳо дар минтақаи шарқии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсарҳад ба ҳисоб меравад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз насб кардани стансияҳои мазкур ин таъмини минтақаи сарҳадии Тоҷикистон бо дастгоҳҳои ҳозиразамони сейсмикӣ ва муҳимтар аз ҳама сабти заминларзаҳои миқёсашон калон дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ муҳими кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи барои тарафҳо дорои аҳамият, аз ҷумла:
- омӯзиши инкишофи механизмҳои ҳодисаҳои сейсмикии табиӣ ва сунъӣ, инчунин равандҳои фаъоли геодинамикӣ;
- гузаронидани корҳои комплексии геологӣ-геофизикӣ, геодезӣ, электромагнитӣ, геокимиёвӣ ва дигар тадқиқоти муҳим барои омӯзиши равандҳои эндогению экзогенӣ;
- арзёбии хатарҳои сейсмикӣ барои минтақаҳои номбаршуда;
- ташкил ва мукамалсозии системаҳои мукамали сейсмикӣ ва геологию-геофизикӣ барои омӯзиш ва ҷамъоварии маълумоти сейсмикӣ дар сарҳади ду кишвар;
- гузаронидани корҳои омӯзишии муштарак барои арзёбии оқибати заминҷунбиҳои ба вуҷудомада дар сарҳади ҳарду кишвар ва ғайра сухан рафт.
Расм. Раванди боздид аз пойгоҳи худкори автоматикии ба вуҷуд оварандаи заминҷунбиҳои сунъӣ.
Дар ин дидор ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳое аз қабили мубодилаи маълумоти мавҷудаи сейсмикӣ ва геофизикӣ, таҷриба, усулҳои корӣ ва натиҷаи корҳои тадқиқотӣ дар самти сейсмология; гузаронидани корҳои муштараки саҳроии амалӣ, лоиҳаҳои муштарак ва ташкили шароит барои ҳамкориҳои оянда; фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои мутахассисон ба хотири боло бурдани зарфият ва маҳсулнокии кори онҳо; роҳандозии корҳои муштараки саҳроӣ дар ҳудуди омӯхташаванда; ташкили вохӯриҳои муштараки корӣ, конфронсу симпозиумҳои якҷоя, инчунин даъват намудани мутахассисони соҳа аз кишварҳои Осиёи Марказӣ; нашр ва пешниҳоди мақолаҳои муштарак; гузаронидани корҳои иловагии вобаста ба ҳамкориҳои муштарак дар самти сейсмологӣ ва геофизика таъкид карданд.