Семинари илмӣ бахшида ба тадқиқоти ахири лабораторияи сейсмология ва геофизика
- 23-май-2025
- 130 дидани саҳифа
интизор шавед...
22-уми майи соли 2025 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон таҳти раёсати директори Институт Носир Сафарализода бахшида ба тадқиқоти ахири лабораторияи сейсмология ва геофизика семинари илмӣ баргузор гардид.
Дар семинар ходими пешбари илмӣ Ш. Шозиёев дар мавзуи “Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар сейсмология ва геофизика” маърузаи илмӣ кард.
Геофизики Институт Ш.Олимов дар бораи ташкили мушоҳидаҳо дар пойгоҳҳои сейсмогеокимиёвии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ширкаткунандагон баромади мудири лаборатория Ф. Каримов, Ш. Шозиёев, Ш.Олимовро дар мавриди таҳлили спектралии тағйирёбии параметри рН-и обҳои термалии минералй дар стансияҳои сейсмикии геокимиёвии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон шуниданд.
Ходими пешбари илмии Институт Д.Муродов дар бораи таҳқиқоти сохторҳои геологии Помир ва Тибет дар асоси истифодаи усулҳои томографияи сейсмикӣ изҳори назар намуд.
Дар хусуси “Амалиёт аз мушоҳидаҳои равандҳои обшавии намунаҳои яхҳои заррачаҳои грунтидошта” корманди Институт М. Давлатова сухан ронд.
Ҳозирин маърузаҳои ҳамкоронро, ки натиҷаи таҳқиқоти худро ба самъи ҳамагон мерасонданд ва дар бораи ҷузъиёти ин пажӯҳишҳо изҳори назар мекарданд, бо шавқ шуниданд ва дар ҷараён суолҳо матраҳ кардаву посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар поёни ҳамоиш директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода натиҷаҳои семинарро ҷамъбаст намуда, ба кормандони институт комёбиҳои минбаъдаи илмиро таманно намуд. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ҳамкорон вақтро беҳуда талаф накардаву дар ҷараёни ковишҳо ва пажӯҳишҳои илмӣ маълумоти судмандеро гирд овардаанд, ки бидуни шак оянда раҳкушои бисёр масъалаҳои ҷолибу муфиди илмӣ хоҳад буд.