preloader

интизор шавед...

Нишасти онлайн бо Донишгоҳи “Дубна”

  • 23-май-2025
  • 93 дидани саҳифа

21-уми майи соли равон миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон ва  Донишгохи давлатии «Дубна»- и Федератсияи Россия мулоқоти онлайн баргузор шуд.

Дар ин суҳбат, ки дар фазои маҷозӣ гузашт, масъалаҳои ҳамкориҳои муштарак миёни ду ниҳоди илмии ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Ҷонибҳо мушаххасан рӯи ин масъалаҳо бо ҳам табодули афкор карданд:

  1. Якчоя тайер намудани кадрҳои илмӣ дар самтҳои геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология;

  2. Бо ҳам иҷро кардани лоиаҳои муштараки илмӣ дар ҳар се самт;

  3. Гузаронидани таҳқиқотҳои илмии дақиқи таҳлилӣ дар ин се самт;

  4. Чопи муштараки мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии бонуфуз ва чопи монографияҳо.;

  5. Гузаронидани конференсияҳо, семенарҳо ва симпозиумҳои илмии муштарак.

Маврид ба ёдоварист, ки Донишгоҳи «Дубна» дар шаҳраки илмии Дубна, дар 100-километрии шаҳри Москва ҷойгир буда, барномаҳоеро дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ ва гуманитарӣ амалӣ мекунанд.

Ин Донишгоҳ аз муҳимтарин муассисаҳои илмии Федератсияи Русия ба шумор рафта, бо марказҳои байналмилалии илмӣ ҳамкориҳои созанда дорад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту