preloader

интизор шавед...

Насби тачҳизоти нав дар Пойгоҳи сейсмикии шаҳри Ҳисор

  • 01-июн-2025
  • 62 дидани саҳифа

Бо ширкати Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Сафарализода дар Пойгоҳи сейсмикии Институт воқеъ дар шаҳри Ҳисор таҷҳизоти нави сейсмикӣ насб карда шуд.

 Дар иҷрои корҳои васлу насби таҷҳизоти ёдшуда  роҳбари маниторинги сейсмикию геофизикӣ Ш. Ёкубов ва муовини директор оид ба корҳои умумӣ Р. Каримов иштирок ва саҳм гузоштанд.

Таҷҳизоти васл гардида ба системаи ягонаи сейсмики онлайнии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо пайваст гардида, маълумот дар сервери ягона барои омӯзиш ва коркард ҷамъоварӣ мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки пойгоҳи сейсмикии Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Ҷорубсой, воқеъ дар шашкилометрии шаҳри Ҳисор ҷойгир шуда, аз ҷониби С. Розиқов сарварӣ мешавад. 

Пойгоҳи сейсмикии Ҳисор аз қадимтарин пойгоҳҳои заминҷунбисанҷии кишвар буда, дар аввали солҳои 1970 дар масоҳати 2,58 гектар замин бунёд шудааст. Он аз як бинои дуошёнаи хидматӣ,  буғхона, гузаргоҳи уфуқӣ (штолния), пойгоҳи барқии тр. 100/10кв, иншооти ёрирасон иборат аст.  

Зарфи чанд моҳи охир Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ даст ба навсозии таҷҳизоти пойгоҳҳои сейсмикии худ зад.

Чунончи, миёнаҳои моҳи марти соли 2025 дар пойгоҳҳоии сейсмикии Хуҷанд, Офтобрӯйи Исфара ва Истаравшантаҷҳизоти сейсмикии рақамӣ васлу насб карда шуда буд.

Ин таҷҳизот аз ҳисоби гранти Бонки ҷаҳонии рушд  барои таҳкими иқтидори техникии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо харида шуд.

Таҷҳизоти васлгардида ба системаи ягонаи сейсмикии онлайнии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо пайваст гардида, маълумот дар сервери ягона барои омӯзиш ва коркард ҷамъоварӣ мешавад. Баъдан ин маълумоти гирдомада аз ҷониби мутахассисони Институт мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор мегирад.

Иқдоми навсозии таҷҳизоти пойгоҳҳои сейсмикӣ метавонад такони хубе дар омӯзиши омилу сабабҳои заминларзаҳо дар минтақа ва вақту соати дақиқи вуқуи онҳо бошад ва дар пешрафти илми ларзашиносии кишвар қадаме ба пеш бошад. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту