
Рӯзҳои шабе ва якшанбе, ки маъмулан рӯзҳои истироҳатанд, аммо чанд ҳафта баинҷониб барои кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сеймологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба рӯзҳо роҳандозии корҳои покиву назофат табдил шудаанд. Зарур меояд дар рӯзҳои баҳорӣ каме серкортар буд ва ба тозагиву назофат ҳам таваҷҷуҳ кард. Агар қаблан кормандон рӯзҳои шанбе ба ободонии бинои Институт, боғу роғи атрофи он маҳдуд мешуданд, ҳоло чунин нест. Доманаи ин поккориҳо густардатар шуд.

Рӯзи шабеи гузашта ва имрӯз якшанбе на танҳо ҳашар дар бинои асосӣ буд, балки кормандон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ба Симиганҷу Чорсада ва Кангурт ҳам рафтанд.
Лозим омад деворҳо дарвозаҳои даромади пойгоҳҳои сейсмикиро дар пойгоҳҳои сейсмикии Симиганҷ, Чорсада ва Кангуртро рангубор кунанд, чун аз боду борони зиёд занг задаву як манзараи дилнохушкунандаеро пеши назарҳо ҷилвагар мекард.
Ҳамчунин дарвозаҳои ин пойгоҳҳо ҳам рангу бор карда шуданд. Деворҳоро сафед карданд.
Алафҳои расидаро дарав карданд, роҳравҳоро аз ҳар гуна алафҳои худрӯй тоза карданд.
Қарор аст ҳафтаи оянда ин иқдом идома кунад ва кормандони Институт ба дигар пойгоҳҳои сейсмикӣ низ раванд ва роҳандозии ҳашар дохилу атрофи биноҳоро поку озода кунанд.

