preloader

интизор шавед...

Поккориҳои охирин рӯзи моҳи май дар Институт

  • 01-июн-2025
  • 115 дидани саҳифа

Рӯзи шанбе, 31-уми майи соли равон кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз субҳ гирди ҳам омаданд ва аз пайи ободониву покккориҳо дар ҳудуди коргоҳашон шуданд.

Бонувон ҷорӯб дар даст ҳавливу роҳравҳоро аз бодовардаҳо тоза карданд. Онҳо ҳамаро рубучин карданд ва хасу хаспораи дар ин ду-се рӯзи охир ҷамъшударо руфтаву саҳни коргоҳро озода намуданд.

Имрӯз илова ба рубучин бонувони Институт қолинҳои роҳрави ошёнаҳоро ҳам шустанду дар офтоб гузоштанд

Мардонро лозим омад алафҳои расидаи ҳафтаи гузашта даравшударон, ҷамъ оваранд.  

Ҳамчунин ҷӯву обравҳоро ҳам аз хасу хаспораву ҳар гуна селовардаҳо тоза карданд, то агар борони шадид борад, оби ҷамъшуда роҳи бурунрафт дошат бошад ва ба бино зарар нарасонад.

Ин ҳама корҳоеанд, ки маъмуланд тибқи анъана ҳар шанбе анҷом дода мешаванд. Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки ҳам саҳни ҳавлии муассисаи илмӣ поку тамъйиз аст ва ҳам ҳотаи он басаришта нигоҳубин шудааст. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту