
Таҳти ҳамин унвон рӯзи 12-уми июни соли 2025 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобоварвасейсмология семинари илмӣ баргузор шуд. Ин семинар бо ташаббуси Лабораторияи «Зилзилатобоварии бино ва иншоот» доир шуд.
Дар ин семинар, ки бо ширкати фаъоли кормандону донишмандони Институт баргузор шуд, 6 маъруза мавриди баҳсу суҳбат қарор гирифт.
Доктори илмҳои техникӣ, профессор И.Қаланданбеков дар маърузаи худ таҳти унвони «Тадқиқотигузаронидашудаоидбаметодҳоимоделкунонии ҳамтаъсириибиноваиншоот бо хоки асос аз таъсири сейсмикӣ» зикр кард, ки ин яке аз масъалаҳои актуалӣ ба ҳисоб меравад ва дар ҳалли ин масъала корҳои таҳқиқотӣ дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик анҷом шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар атрофи ин масъала проблемаҳои ҳалнашуда зиёданд.
Номзади илмҳои техникӣ, дотсент А.А.Рахмонов, ки дар мавзӯи «Оид ба сурохии капиллярӣ дар массиви зериобмондаи хокҳои гилин» маъруза мекард, зикр намуд, ки то чӣ андоза сӯрохиҳои капилярӣ ба ҳолати деформатсияшавии хокҳои гилин таъсир мерасонанд.
Дар семинар доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Ҷ.Н.Низомов дар мавзӯи «Моделкунонии математикӣ дар ҳалли масъалаи ҳамтаъсирии бино ва иншоот бо хоки асос аз таъсири сейсмикӣ» суханронӣ кард.

Ӯ зимнан қайд кард, ки чӣ тавр сустии хоки таҳкурсӣ ба ҳолати деформатсияшавии бино таъсир мерасонад. Нишон дода шудааст, ки чи тавр деформатсия шудани хоки асоси бино ба зилзилатобоварии он таъсир мерасонад. Бо истифода аз модели математикии коркардшуда барномаи компютерӣ сохта шудааст, ки имкон медиҳад тадқиқотҳо оид ба таъсири хоки асос ба бино аз таъсири заминҷунбӣ гузаронида шаванд.
Номзади илмҳои техникӣ А.М. Сангинов дар мавзӯи «Моделкунонии ададии ҳамтаъсириибинобо хоки асос бо назардошти гуногунии хусусиятҳоихокитаҳкурсӣ»маъруза кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки бо истифода аз барномаҳои маҷмуӣ ва дар асоси модели яклухт, ки бино ва асоси он дар якҷоягӣ дида баромада мешаванд, натиҷаҳо гирифта шудаанд. Муайян гардид, ки ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои ғайрилинейнии хок ба дақиқии пешгӯиҳои ҳолати шиддатнокӣ-шаклтайғиркунӣ таъсири муҳим дорад. Минтақаҳои консентратсияи фишор дар массиви хоки асос муайян карда шудаанд, ки имкон медиҳад, ки минтақаҳои эҳтимолии деформатсия ва вайроншавӣ пешгӯӣ карда шаванд.

Нишон дода шуд, ки истифодаи модели чандирии фазоӣ, ки бино ва асоси он дар якҷоягӣ дида баромада шуд, имкон медиҳад, ки таъсири шароитҳои сарҳадӣ ва геометрияи бино пурратар баррасй карда шавад.
Дар маърӯзаи номзади илмҳои техникӣ, дотсент Т.А.Негматов «Оид ба натиҷаҳоимониторингисейсмикиииншооти«РамзиИстиқло» ва истифодаи онҳо» дар бораи сабти заминҷунбиҳои зиёд ва спектри онҳо маълумот дода шуд. Таҳқиқот нишон додааст, ки чӣ гуна заминҷунбиҳои дуру наздик ба иншоот таъсир мерасонанд.
Инчунин дар маърӯза натиҷаҳои мушоҳида бо истифодаи таҷҳизоти сейсмометрии дар Маҷмааи Истиқлол насбшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавассути шитобченкунакҳои ширкати швейсарии GeoSIG шитобҳо ҳангоми заминҷунбиҳо барои асос ва ҳамчунин худи иншоот дар баландии 27м ва 100м сабт карда шудаанд. Спектрҳои шитобҳои асоси хокӣ ва иншоот ҳисоб ва таҳлил карда шудаанд. Даврҳои воқеии лаппишҳои хусусии иншоот ва суръати паҳншавии мавҷҳои сейсмикӣ дар сохти оҳанубетонии иншоот муайян карда шудаанд. Таҷҳизоти сейсмометрии дар Маҷмаа насбкардашуда асбоби бисёр муҳим барои назорат ва таъмини зилзилатобоварии иншоот мебошад.

Дар семинар муҳандиси пешбар Р.Базаров дар мавзӯи «Таҳлилимушоҳидаҳодаробъектҳоисохтмонӣ даршаҳриДушанбе» суханронӣ карда, дар мавриди рафти сохтмон ва нисбати масолеҳи истифодашаванда ва характеристикаҳои физикию механикии онҳо маълумот дод. Натиҷаи ин тақҳиқот имкон медиҳад, ки ҳампайвастагии илм бо истеҳсолот пурсамар карда шавад.
