
Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи худро ҷамъбаст кард. Директори Институт Носир Сафарализода аз натиҷаи таҳқиқоту пажӯҳишҳои олимону кормандони ин боргоҳи илм дар шаш моҳи ахир ҳисобот дод.
Носир Сафарализода иброз дошт, ки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология аз ҳафт воҳидҳои илмӣ-тадқиқотӣ (лабораторияҳо), се воҳиди илмӣ-истеҳсолӣ (гурӯҳҳо ва шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ) ва ҳайати ёрирасон иборат мебошад. Шумори кормандони дорои унвонҳои илмӣ 25 нафаранд, ки аз онҳо 7 нафар докторони илм, 18 нафар номзадҳои илм ва 1 нафар доктори Habilitat мебошад.
Дар айни замон Институт гузаронидани таҳқиқотро аз рӯи ҳафт мавзуи илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузоришаванда идома медиҳад.
Яке аз ин мавзуъҳои таҳқиқотӣ «Минералогияи конҳои маъдании ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Помир)» мебошад, ки солҳои иҷрои он 2021-2025 таъин шудааст. Лоиҳа аз ҷониби узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор А.Р. Файзиев роҳбарӣ мешавад.

«Паҳншавӣ ва бӯҳрони биотикӣ дар тараққиёти ҳайвонот ва набототи фанерозойи Тоҷикистон ва иқтидори стратиграфии онҳо» мавзуи дигари таҳқиқоти олмони Институт аст, ки онро доктори илмҳои геология ва минералогия Н.К. Оспанова роҳбарӣ мекунад.
Сарвари Институт ҳамчунин мулоҳизаҳои худро атрофи мавзуъҳои «Системаҳои гранитоидии маъданӣ-магмавии оҳан ва тиллотавлидкунандаи Тоҷикистон», ки иҷрокунандаи роҳбари илмӣ доктори илмҳои геология ва минералогия Ф.Г. Ғафуров мебошад, «Тадқиқоти ҳолати шиддатнокӣ ва деформатсияшавии бино ва иншоот бо назардошти ҳамтаъсирии онҳо бо хоки асос аз таъсири сейсмикӣ» (роҳбар узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҷ.Н. Низомов), «Баҳодиҳии ҳолати шиддатнокию шаклдигаркунӣ ва филтратсиявии сарбанди хокӣ ҳангоми заминҷунбиҳо» (роҳбари илмӣ номзади илмҳои техникӣ Ё.Х. Ядгоров), Таҳқиқотҳои комплексии геофизикии заминҷунбиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Роҳбари илмӣ доктори илмҳои физикаю-математика Ф.Ҳ.Каримов), Баҳодиҳии хатари сейсмикии ҳудуди шаҳрҳои Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ: номзади илмҳои геология ва минералогия Муродқулов Ш.Я),«Таҳқиқотҳои комплексии геофизикии заминҷунбиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ: доктори илмҳои физикаю-математика Ф.Ҳ.Каримов) муфассал суханронӣ кард ва бурду бохти таҳқиқот атрофи ҳар мавзуъро таҳлил намуд.

Директори Институт ҳамчунин иброз дошт, ки дар умум шумораи чопи мақолаҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳо дар шашмоҳаи соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 адад зиёд буд. Ҳамчунин кормандони муассиса зиёда аз 70 андешаю назарияҳои илмӣ ва мақолаи илмӣ-оммавӣ дар саҳифаи фейсбук ва сайти Институт ба нашр расонданд.



