
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори он Носир Сафарализода бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ семинари илмӣ таҳти унвони “Оид ба масъалаҳои муайян намудани муносибати спектралии қисми уфуқии ҳаракати хок ба қисми амудӣ” баргузор шуд. Дар доираи мавзуъ Н.Сафарализода, Ш.Шозиёев ва П.Аминзода баромади илмӣ доштанд.
ЧАРО ОМӮЗИШИ ИН МАСЪАЛА МУҲИМ АСТ?
Донишмандон ба ин назаранд, ки муайян намудани мувофиқати бунёдии ҳаракати замин дар спектр ва пайгирии сангҳои зеризаминӣ дар майдони сохтмон ҷузъи асосии талошҳо барои таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар кишвари мо, ки ба заминҷунбӣ зиёд дучор мешавад, ба шумор меравад. Чунин саъю кушиш ба мустаҳкам намудани инфраструктура ва ба коргарони сохтмон додани дастури омодагӣ ёрй мерасонад.
Ҳадаф аз таҳқиқот бо ҷалби нармафзори [Vantassel, 2020] дар асоси Python муайян намудани арзишҳои таъсири суръат дар спектри убури минтақаи омӯзиш буд.

ХУЛОСАИ ДОНИШМАНДОНИ ИНСТИТУТ:
- Усули HVSR дар асоси таҳлили ларзиши микросейсмҳои дар сатҳи замин сабтшуда пешниҳод шудааст, ки назарияи он ба маълумотҳои сейсмикӣ ва маълумотҳои шабакаи ҳаракати тавонои татбиқшаванда асос ёфтааст. Бузургтарин бартарии HVSR дар он аст, ки вай метавонад басомади бартаридоштаи f0-ро аз сабти микросейсмӣ дақиқ муайян кунад.
- Дар раванди татбиқи усули HVSR асосан ду намуди маълумоти интихобшуда истифода мешаванд: яке мавҷи S ва дигаре садои муҳити атроф аст. Барномаҳои нисбатан гуногун мавҷуданд, аз ҷумла таъсир ва таснифоти ҷойҳои тадқиқотӣ, кофтукови маъданҳо ва таҳлили сохтори суръати миёнаи мавҷи ҳаракати қабатҳои зеризаминӣ дар сатҳи замин.
- Дар баробари афзудани раванди шаҳришавӣ тадқиқоти устувории иншоотҳои зеризаминй, бехатарии пулҳо, лоиҳаи биноҳи баландошёна низ хеле беҳтар гардид. Аммо таҳлили қабати зеризаминй ва сохти хок аҳамияти махсус дорад. Беҳтарин роҳи ин кор гирифтан аз усули муайяншуда мебошад ва дар оянда низ барои муқоиса аз рўи дигар барномаҳо арзёбиҳои мувозиро дар назар дорад.
- Ҳадафи ниҳоӣ кам кардани талафоти ҷонӣ дар офати табиии заминҷунбӣ мебошад. Бо шарофати афзалиятҳои беназири худ, технологияи HVSR дар бисёр ҷиҳатҳо муваффақияти муайян ба даст овард.

Дар конфронс Умедҷон Шарифов, Тоҳир Ҳомидов, Фаршед Каримов, Шокарим Шозиёев суханронӣ карданд ва назароти худро дар бораи мавзуи мавриди таҳқиқ баён намуданд.
Дар ин нишаст кормандони Институт дар бораи рӯзи Ваҳдати миллӣ низ изҳори назар карданд. Онҳо Ваҳдатро калиди ҳама гуна пешрафтҳои имрӯз доданистанд, чун агар сулҳу салоҳ намебуд, оромӣ дар кишвар ҳукм намеронд, Тоҷикистон мисли Афғонистони имрӯза дар дуроҳаи буду набуд қарор мегирифт.
Олимони Институт гуфтанд, ки дар лаҳзаи сарнавиштсози миллӣ марде аз табори озодагон бархост ва ба муқобили ноамниҳо сина сипар кард ва сулҳро барои имрӯзиён фароҳам овард. Ин бузургмард ва ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Маҳз талошҳои Президенти Тоҷикистон ва азхудгузариҳои вай буд, ки кишвар аз вартаи нобудӣ раҳо шуд ва ин сабаб гардид, ки имрӯз мо дар фазои суботи ҳамешагӣ, амну амонӣ зиндагӣ ва эҷод мекунем.
Дар фарҷом директори Институт Носир Сафарализода ба ҳамаи касоне, ки ин нишастро созмон доданд, як мавзуи муҳими илмиро ба баҳсу баррасӣ кашиданд, нукоти ҷолиби илмиро баён доштанд, ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки бахшида ба рӯзи Ваҳдат нуқтаву назарҳои худро иброз доштаву аз заҳматҳову талошҳои Пешвои муаззами миллат дар он рӯзҳои пурфоҷеа ёд карданд, изҳори сипос кард.

Носир Сафарализода гуфт, ки сулҳи тоҷикон дар олам беназир аст ва басо кишварҳои дунёро медонем, ки дар гирдоби ҷангу хунрезиҳо монда, орзуи субот доранд. Вале чун шахсе надоранд, ки манфиатҳои худро қурбони манфиатҳои давлату миллат кунад, ҳамоно дар пархошанд. Ин бахти тоҷикон аст, ки дар марҳалаи сарнавиштсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон риштаи идораи ҳокимиятро ба даст гирифтанд ва ин оташи хонумонсӯзро хомӯш карданд.
Пас бояд ба қадри ин рӯз, ба қадри Ваҳдати поянда ва сарвари сулҳпарвар расид.


