
Яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлол барои мардуми шарифи Тоҷикистон - Ваҳдати миллӣ мебошад. Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997-ум, ки тақдири миллатро ба хатар рӯ ба рӯ кард, мардуми Тоҷикистон бо раҳнамоии оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд сулҳро барқарор намуда, пояҳои ваҳдату якпорчагиро гузоранд.
Ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ба вартаи нестшавӣ кашид. Аммо дар он замон шахсияти барҷастае чун Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва бо ибораи машҳури худ - «Ман ба шумо сулҳ меорам!» - умеди наве ба дили мардум бахшид. Пас аз музокироти зиёд, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид. Ин рӯз ба унвони рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи Тоҷикистон сабт гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.
Сулҳ ва ваҳдати миллӣ шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварро фароҳам овард. Дар давоми солҳои истиқлол Тоҷикистон тавонист: неругоҳҳои муҳимми барқӣ бунёд кунад, аз ҷумла НБО Сангтуда 1, НБО Сангтуда 2, Помир-1, агрегатҳои якум ва дуюми НБО Роғун, шабакаҳои нақлиётӣ ва роҳҳои байналмилалиро рушд диҳад, мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои маорифу тандурустиро дубора эҳё ва тақвият бахшад, сатҳу сифати зиндагии мардумро тадриҷан боло барад. Ин ҳама бе фазои осоишта ва Ваҳдати миллӣ муяссар намешуд.
Дар фазои ваҳдат, фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, расму анъанаҳо ва суннатҳои ниёгон эҳё гардиданд. Солҳои охир ҷашнҳои миллӣ чун Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон бо шукӯҳ таҷлил мегарданд. Барномаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди марказҳои илмӣ, таърихӣ ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи ватандӯстӣ – ҳамаи ин нишондиҳандаи шукуфоии фарҳангист.
Имрӯз насли ҷавон, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба камол мерасанд, бояд ин арзишҳоро қадр намуда, онро ҳифз ва боз ҳам мустаҳкамтар намоянд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъул аст, ки бо меҳнату заҳмати софдилона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ҳифзи ваҳдат ва ободии Ватан саҳмгузор бошад.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо рамзи сулҳу субот, хотимаи низоъҳои дохилӣ буд, балки поёни тафриқа ва заминаи муҳимми пешрафт, рушди устувор ва гул-гулшукуфии тамоми соҳаҳои ҳаёт мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд барои ҳифзи ин дастовард ҳиссагузор бошад, зеро ояндаи дурахшони миллат танҳо дар сояи ваҳдат ва якпорчагӣ таъмин мегардад. Ҳамчун фарзандони ин сарзамини муқаддас вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳои миллиро ҳифз намоем ва барои боз ҳам ободу пешрафта шудани Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Фотеҳ Файзиев - мудири лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ