
Кормандони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои илмӣ бо олимони факултети геологияи Донишгоҳи Сарагоса (Испания) таҳқиқоти муштараки саҳроӣ ва таҳлилӣ анҷом доданд.
Дар доираи ин ҳамкориҳо, аз 10 то 16-уми июни соли 2025, корҳои геологии илмӣ-саҳроӣ дар минтақаҳои намакдори ҳавзаи ғарбии Тоҷикистон (ноҳияи Восеи вилоятҳои Хатлон) гузаронида шуд.
Экспедитсияи муштарак ба таҳқиқ ва омӯзиши диапирҳои намакӣ, яъне ҷойҳое, ки қабатҳои чуқури намак ба сатҳи замин мебароянд, равона гардида, дар чор минтақа - Хоҷа Мӯъмин, Хоҷа Сартез, Олимкӯҳ ва Ҷилантав гузаронида шуд.
Ҳадафҳои асосии ҳамкорӣ:
1. Омӯзиши равандҳои бардошт ва фурӯрафти замин дар минтақаҳои диапирӣ;
2. Арзёбии хатарҳои геологӣ, аз ҷумла лағжиши замин ва обшӯйӣ;
3. Истифодаи методҳои муосири таҳлили дурдаст, аз ҷумла интерферометрияи дифференсиалии радарӣ (DInSAR) барои муайян кардани ҳаракатҳои сатҳи замин;
4. Ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ ва таҳияи моделҳои геоморфологӣ бо дастгирии донишмандони Донишгоҳи Неапол (Италия).
Аҳаммияти илмӣ ва амалӣ:
Ин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи давлатии таҳқиқотии Вазорати илм ва навовариҳои Испания таҳти унвони DIAPERNO - “Geomorphic processes in active salt systems: uplift, subsidence, chemical erosion, landsliding and drainage disruption” амалӣ мешавад.
Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои таҳияи моделҳои хавфи геологӣ, пешниҳоди тавсияҳои муҳандисию илмӣ ва нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ истифода хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки роҳкушоӣ ва асосгузории ҳамаи ин ҳамкориҳои илмии хориҷӣ маҳз дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст. Ин иқдомот ба рушди таҳқиқоти илмӣ, баланд бардоштани сатҳи забономӯзӣ, тақвияи дӯстии байни миллатҳо, табодули таҷриба ва умуман пешбурди илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.



Расмҳо аз ҷараёни корҳои саҳроӣ
Шерзод Абдулов ходими калони илмии лабораторияи канданиҳои фоиданоки ИГСЗТС АМИТ