preloader

интизор шавед...

Роҳандозии корҳои ободонӣ дар пойгоҳи сейсмо-геофизикии Карасу

  • 12-июл-2025
  • 133 дидани саҳифа

Корҳои ободонӣ дар ин пойгоҳи зилзиласанҷӣ аз даҳуми июли соли равон оғоз шуд ва имрӯз ба анҷом расид. Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дастаҷамъӣ ба ин пойгоҳ рафтанд ва даст ба корҳои ободонии он заданд.

Ин пойгоҳ, ки дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, аз хеле замон аз истифода хориҷ шуда буд. Директори Институт Носир Сафарализода иброоз дошт, ки бо супориши Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода 10-уми июли соли равон ин пойгоҳ ба кор дароварда шуд. Барои ин лозим омад таҷҳизоти сейсмикии рақамии сайёри муосир васлу насб карда шавад.

Мутахассисони Институт ҳамзамон дар ин пойгоҳ таҷҳизоти сейсмикии ССР3-М-ро, ки аз харобӣ солҳои зиёд бекор хобида буд, таъмир карданд, қисмҳои харобшударо дубора фаъол намуданд ва он ҳоло пурра омода ба кор шуд. 

Ин пойгоҳ солҳост аз фаъолият бозмонда буд ва дару девораш ҳам аз он ки дигар касе назорат намекард, фарсудаву атроф ва дохили ҳавлии он аз хасу харӯбаву сангу хок пур шуда буд.

Кормандони Институт дар ин рӯзи ободкорӣ деворҳои пойгоҳро сафед карданд, дари даромади онро рангубор намуданд. Ҳавли дохили утоқҳои кориро тоза намуда, ба ҳусни пойгоҳ ҳусн зам карданд.

Ҳамчунин лозим омад ҳама таҷҳизотеро, ки пойгоҳро бо қувваи барқ таъмин менамуд, таъмир кунанд ва ба ҷои таҷҳизоти фарсудаву корношоям таҷҳизоти нав гузоранд. Дохилу беруни пойгоҳро бо лампаҳои нав таъмин карданд ва он акнун чароғону шабонгаҳ нуронист.

Гуфтанист, ки зарфи чанд моҳи охир Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ даст ба навсозии таҷҳизоти пойгоҳҳои сейсмикии худ зад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту