preloader

интизор шавед...

Корҳои ободонии рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда

  • 03-авг-2025
  • 32 дидани саҳифа

Ободонии макони зисту ҷойи кор анъанаи деринест барои сокинони кишвари мо. Аслан ҳар субҳи мо аз покиву назофат дар коргоҳамон оғоз мешавад. Вориди утоқи корӣ мешавем ва авалатар аз ҳама тирезаҳоро боз мекунем, то ҳавои дохили утоқ тоза шавад. Сипас мизу курсии худро пок мекунем, ҳарчанд медонем, ки пеш аз мо ин корро рӯбанда анҷом додааст. Вале мо одам кардаем, ки ҳатман худ низ ҷойи нишасту мизи кориву компутеру дигар лавозимоти утоқи кориро  пок созем.

Ин як кори ҳамарӯзии мост. Аммо рӯзҳои шанбе барои кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анъанаи дерин аст, ки аз субҳ барои ҳашар ҷамъ шаванд. Чун ҳафтаҳои гузашта шанби охир ҳам аз ҷумлаи ҳамин рӯзҳо буд.

Кормандон ин бор баъзе шикастурехтҳои девори утоқеро андова карданд ва ба тартиб дароварданд.

Мардон ҷӯйбору бехи дарахтону буттаҳоро аз ҳар гуна хаспораву алафҳи хушкида тотоза карданд.

Бонувон бекор набуданд. Онҳо чун ҳамеша ба рӯбучини атрофи бинои Институт машғул шуданд ва хаспораву баргҳои хазони ҷамъшударо рӯфтаву ба партобгоҳ бурданд.

Ҳамин тариқ боз як рӯзи покиву назофат ба поён расид.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Август 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту