
Зарфи ду моҳи охир бо ташаббуси Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода таваҷҷуҳи кормандону мутахассисони ин ниҳоди илмӣ ба пойгоҳҳои зилзиласанҷии кишвар нигаронида шуд. Пойгоҳҳое, ки солҳои сол ва ҳатто як бистсола инҷониб на таъмир шудаанду на тармим.
Гузашти солҳо осори худро мегузоранд. Деворҳо ба таъсири боду барфу борон тағйири ранг мекунанд. Дару дарвозаҳои оҳанӣ занг мезананд. Утоқҳои корӣ корношоям мешаванд, симҳои интиқоли барқ аз фарсудагӣ асолати худро аз даст медиҳанд.
Тасавур кунед, агар як биноро муддати қариб ё зиёда аз 20 сол аз ҳолаш хабар нагиред, дару девори онро аз назорат хориҷ созед.
Мутаассифона, барои аксари пойгоҳҳои сейсмо-геофизикии Институт ҳамин сарнавишти талх насиб шудааст.
Аммо ҳоло кор ранги дигар гирифт. Якояк бо дастур ва ширкати бевоситаи худи Директори Институт ин пойгоҳҳо на танҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд, балки таъмиру тармим мешаванд.
Деворҳои нообод обод мегарданд. Дару дарвозаҳоро рангубор мекунанд ва ба ҳусни аз дастрафтаи биноҳо ҳусни нав зам мекунанд. Ин биноҳои фарсударо дубора назаррабо мекунанд.
Ҳамин гуна кӯшишҳо рӯзҳои истироҳат дар пойгоҳҳои сейсмо-геофизикии Қарасу, Ҳисор ва Арчинак ба роҳ монда шуд.
Пойгоҳи Арчинак дар ҷамоати деҳоти Алмосӣ ҷой гирифта, муддатҳо берун аз таъмир монда буд. Кормандони Институт дару девори онро рангубор карданд. Ин пойгоҳ ва ин биное, ки дар дили кӯҳ ҷой гирифтааст, баъди расидани дасти ободкори кормандони Институт басо назаррабо шуд, ки намунаи онро дар расмҳо мебинед.
Дар пойгоҳи Ҳисор, ки дар деҳаи Ҷорӯбсойи шаҳри Ҳисор ҷой гирифтааст, корҳои назофатро роҳ андохтанд. Лозим омад алафҳои хушкидаро дарав кунанд, атрофи биноро пок созанд, дохили биноро рӯбучин ва аз ҳар гуна бодовардаҳо ҷӯйборҳорро тоза кунанд.
Ҳамин гуна корҳоро дар пойгоҳи сейсмо-геофизикии Қаросу ҳам анҷом доданд.
Муддатҳо пойгоҳи Қарасу, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат мушкилоти қувваи барқ дошт. Дирӯз кормандони Институт ин мушкилро ҳал карданд. Онҳо аз трансформатори наздиктарин як хати интиқоли қувваи барқро бо риояи ҳама қоидаҳои бехтарӣ зеризаминӣ то бино овардаву онро барои ҳамеша чароғон карданд.
Корҳои ободонии пойгоҳҳои дигари сейсмикии Институт идома доранд.








