Имрӯз, 4-уми сентябри соли 2025 тибқи “Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар муассисаҳои илмии АМИТ дар соли 2025” дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ семинари илмӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсади асосии ин ҳамоиш муаррифӣ ва баррасии натиҷаҳои илмии олимони соҳа, ки бо файзи соҳибистиқлолии кишвар ба даст оварда шудааст, иборат мебошад.
Дар кори семинар ходимони илмӣ, докторону номзадҳо, аспирантону магистрон ва озмошчиёни лабораторияҳои Институт фаъолона ширкат варзида, маърӯзаю рӯнамо ва баромадҳо доир ба дастовардҳои илмӣ дар самтҳои геология, геофизика, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар пешниҳод карда шуданд.
Семинарро бо суханони ифтитоҳӣ ва табрикотӣ муовини директор Мустафо Лоиқзода оғоз кард. Сипас, олимони варзида Низомов Ҷ.Н. - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, профессор ва Мавлонӣ С.Р. - номзади илмҳои геология ва минералогия оид ба паҳлуҳои гуногуни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки якчанд маърӯзаю суханрониҳо пурра нақши ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ, ҳифзи музаффариятҳои истиқлол дар кишвар, дастовардҳои арзишманди миллӣ ва билохира дар рушди илми геологияи ватанӣ ва тайёр намудани кадрҳои ҷавон бахшида шуда буд.
Дар маърӯзаҳои илмӣ масоили таҳлилҳои заминҷунбиҳои 13 апрели соли 2025 дар навоҳии Рашт рух дода, хусусиятҳои ҳисоби таъсири сейсмикӣ ба иншоотҳои гидротехникӣ бо истифодабарии натиҷаҳои арзёбии эҳтимоли хатари сейсмикӣ, ҳолати микросейсмикии минтақаи Душанбе, Вахш, нақши омилҳое, ки ярчро ба вуҷуд меоранд, арзёбии ҳолати деформатсионии қисми болоии сарбанд дар мисоли Неругоҳи обию барқии Норак, гунаҳои маъданокии минтақаи Ҳисори ҷанубӣ, унсурҳои маъдании конҳои канданиҳои фоиданок (ККФ), нақши қисматҳои чиндори қишри замин дар бавучудоӣ ва паҳншавии ККФ, таркиби минералии зуҳуроти пегматитӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, дар семинар ҳамаи маърӯзачиён дар баромади худ сараввал аз нақши муассири Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдат ва истиқлолу озоди миллат ёдовар шуда, ҳозиринро ба ин ҷашни фархунда табрику таҳният мегуфтанд.
Дар фароварди ин ҷамъомади илмӣ директори институт Носир Сафарализода иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми кормандони муассисаро бо ин ҷашни миллӣ табрику муборак бод гуфта, доир ба дастовардҳои бузурги 34 соли истиқлоли давлатӣ, ҳарф зад.
Зикр шуд, ки семинари мазкур дар арафаи ҷашни истиқлоли ватан шароити мусоид барои мубодилаи афкор ва табодули таҷриба дар самти омӯзиши геологияи кишвар, арзёбии равандҳои экзогенӣ, таҳлилу хлосабарорӣ аз натиҷаҳои тадқиқоти заминҷунбиҳои рухдодаи қаламрави ҷумҳурӣ фароҳам овард ва дар оянда моро водор месозад, ки дар ин самт бо истифода аз техникаю технологияҳои муосир тадқиқотҳои илмиро ҷоннок намуда, барои рушди соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузорем.
М. Лоиқзода, муовини директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ