preloader

интизор шавед...

Истиқлол як дастоварди беназир аст

  • 06-сен-2025
  • 285 дидани саҳифа

“Барои он, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем”.

                                                                                               Эмомалӣ РАҲМОН


Мусаллам аст, ки Истиқлоли давлатӣ яке аз санаҳои муқаддас маҳсуб ёфта, тавассути он Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо Тоҷикистон имрӯз ба як кишвари воҳиди мукаммал табдил ёфтааст. Чунки Истиқлол ҳамчун рукни бунёдии озодии инсоният ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳуввияти миллати мо маҳсуб меёбад. Истиқлол арзишест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои инсону миллатро таъмин менамояд.

Истиқлоли сиёсӣ аз истиқлолияти миллӣ, марзӣ, фарҳангӣ ва забонӣ иборат буда, дар маҷмуъ Истиқлоли давлатиро ифода месозад. Аз ин рӯ, Истиқлол мазҳари ормонҳои таърихӣ, ҷавҳари ҳувийяти миллӣ, саргаҳи Ватану ватандорӣ ва асли давлатдории миллӣ мебошад. 

Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибиқболу соҳибистиқлоли мо аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, сулҳу суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо як қатор мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардида буд, ки ба бахти мардуми тоҷик ҷавонмарди шуҷои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллату давлат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан дар саргаҳи ин муборизаҳо қарор доштанд ва дар натиҷа ба шарофати талошу ҷоннисориҳо ва хости Парвардигор мову Шумо ниҳоятан ба чунин рӯзҳои накӯ мушарраф гардидем, ки аз ин падидаи нодири таърихӣ ҳамаи мо хурду бузурги кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоламон ҳамеша бояд шукргузор бояд бошем.

Ба бахти миллати тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму худшиносиву худогоҳии миллӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик муяссар гардид.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ватани азизу дурахшонамон гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ оғоз шуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқиву иқтисодӣ дида баромада шуд. Инчунин дар баробари ин қабул намудани қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андоз аз даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ҳоказои дигар шаҳодат медиҳанд.

Чунки дар баробари фаро расидани давраи осоишта дар кишварамон Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардида буд, ки он роҳи иқтисодиёти бозаргониро пеша намуд. Инчунин зимни тартиб додани ҳар гуна барномаҳо таҷрибаи байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки хусусиятҳои хоси он ҳамеша ба инобат гирифта мешавад.

Лозим ба тазаккур аст, ки маҳз Истиқлоли комили сартосарӣ озодӣ, ободӣ ва сарчашмаи ҳамаи комёбиҳову бунёдкориҳои навину назаррас гардид, ки ба ин васила Тоҷикистон, хусусан маркази он - пойтахти мамлакатамон шаҳри зебову дилорои Душанбе дар зарфи ду даҳсолаи охир ба таври шинохтанашаванда ба пойтахти зебову шукуфо ва мазҳари ормонҳои миллӣ мубаддал гардид.

Барои далели ин гуфтаҳо дигаргун гардидани симои шаҳру деҳот, сохтмони роҳу пулҳо, эстекадаҳои замонавӣ, шоҳроҳҳои азими мошину қаторагард, бунёду ба истифодаи умум супоридани неругоҳҳои азими барқию обӣ, биноҳои осмонбӯси истиқоматию маишӣ маҳз ба туфайли Истиқлоли давлатӣ ва ба вуқуъ пайвастани сулҳу Ваҳдати миллӣ ва оромиву осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омаданд.

Истиқлол ин рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёру нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоду муосир танҳо миллате соҳиби иззату эҳтироми зиёд шуда метавонад, ки Истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақилашро доро бошад.

Аз ин лиҳоз, шукргузор бояд бошем, ки миллати барӯманди тоҷик имрӯз дорои давлати соҳибихтиёр, мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва соҳибистиқлоли худ гардидааст.


Илҳоми БАҲРОМ,

корманди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту