Дар моҳи августи соли ҷорӣ олимони самти геологии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ якҷо бо мутахассисони Маркази Сиани Хадамоти геологии Чин дар қаторкӯҳҳои Тиёншони ҷанубӣ тадқиқоти геологӣ анҷом доданд. Ин тадқиқот аз гузаронидани омӯзишҳои геокимиёӣ ва хатсайрҳои геологӣ бо гирифтани намунаҳои хок, рег ва санг бо мақсади муайян намудани консентратсияи баланди унсурҳои муайяни кимиёвӣ иборат буданд. Тибқи нақшаи корӣ оид ба натиҷаҳои тадқиқот семинари илмӣ гузаронида шуда, мақолаҳои илми-оммавӣ бояд ба чоп расонида шаванд.
Бо ҳамин мақсад, рӯзи 3-уми сентябри соли 2025 дар толори калони Институт барои баррасии корҳои анҷомдодашудаи геологӣ бо иштироки олимону мутахассисони лабораторияҳои геологӣ ва мутахассисони Маркази Сиан ҷамъомади илмӣ баргузор гардид.
Директори Институт Носир Сафарализода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, суханро ба мутахассиси пешбари маркази номбурда Luo Yanjun дод.
Мавсуф дар оғози сухан аз таърихи корҳои муштарак, сипас дар бораи корҳои экспедитсионӣ-геологии гузаронидашуда дар соли 2024 маълумоти пурра пешниҳод намуд. Рӯнамои мазкур маводро оид ба сохти геологӣ, сохтори тектоникӣ, камарбанди металлогении Тиёншони ҷанубӣ, паҳншавии фазоии маъданҳо дар ин камарбанд, синну соли ҷинсҳои кӯҳии форматсияҳои муайян дар заминаи омӯзишу мушоҳидаҳои гузаронидашуда ва натоиҷи таҳлилҳои кимиёвӣ, физикӣ-кимиёвӣ ва истифодаи маълумоти дурсанҷии фосилавӣ гирд оварда буд, ки бисёр шуниданибобу тамошобоб буданд. Ҳамзамон, доир ба корҳои экспедитсионии имсола ва натиҷаҳои мунтазираи он муфассал иттилоъ дода шуд.
Дар раванди пурсишу посух ва баррасии корҳои ба анҷом расонидашуда, иштирокчиёни ҷамъомад фаъолона ширкат варзида, оид ба камбудиҳо ва бартариятҳои натиҷаҳои гирифташуда, ибрози назар намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир озмоишоти як қисми минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳии дар доираи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии институт гирд овардашуда дар озмоишгоҳҳои Маркази Сиан гузаронида мешаванд.
Ҷамъомадии илмии мазкур дар ҳавои дӯстӣ баргузор гардида, барои мубодилаи афкор, баррасии масъалаҳои баҳсомези илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба заминаи босазое гузошт.
Мустафо Лоиқзода, муовини директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ.