preloader

интизор шавед...

Ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатӣ муборак бошад!

  • 09-сен-2025
  • 16 дидани саҳифа

Сокинони кишвари азизро ба муносибати бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз самими қалб муборакбод мекунам. Саодати ҳамешагӣ ёратон ва амну осудагӣ каноратон. 

Миллати мо истиқлолу озодиро гаронарзиштарин неъмати олам медонад ва зиндагии худро бар пояи ҳамин озодиву истиқлол сохтаву онро содиқона ҳифз мекунад. Зеро истиқлол ин як падидаи нодир дар таърихи миллат аст. Миллати мо баъди садсолаҳо ба Истиқлоли комил расид ва ин неъмате буд, ки сабаби эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ гардид. Набояд фаромӯш кард, ки ин неъмату ин ганҷи бебаҳо баъди ҷонбозиҳои зиёд насибамон шуд. Дар таҳкими он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. 

Дар ин 34 сол миллати мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас даст ёфт.  

Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон иброз доштанд, “яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии худ баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмиву адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳибӣ намуд ва омӯзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд”.

 Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Сарвари кишвар талош мекунанд ба корҳои илмиву пажӯҳишии худ равнақ бахшанд.  

Иштибоҳ нахоҳам кард агар гӯям, ки дар ҳисоботи имсолаи мо ободонии пойгоҳҳои сейсмикии тобеи Институт дар мақоми аввал аст. Зеро шуруъ аз моҳи марти соли равон мо иқдом кардем якояк аз ин пойгоҳҳо аввал дидан кунем, вазъашонро омӯзем, сипас барои рафъи камбудиҳо ва ободонии онҳо барномҳои мушаххасро рӯи даст гирем. 

Ин як кори пурмашаққат ҳам буд. Тасаввур кунед ба иддае аз ин гуна пойгоҳҳо даҳсолаҳо аслан касе таваҷҷуҳ ҳам накардааст, аз ҳолашон хабар ҳам нагирифтааст. Ба сабаби набудани имконоти молӣ барои ободонии онҳо ва муҷаддадан фаъол сохтанашон талош сурат нагирифтааст. 

Хушбахтона, зарфи чанд моҳи охир аксари ин пойгоҳҳои нообод дубора ободу фаъол гардонда шуданд.

Аз сӯи дигар имрӯзҳо дар Институт гузаронидани таҳқиқот аз рӯи ҳафт мавзуи илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузоришаванда идома дорад. Натиҷаи ин таҳқиқотҳо касро шод мекунад, чун олимону мутахассисон корҳои зиёди пажӯҳишии худро анҷом дода, дар остонаи ҷамъбасти натиҷаи таҳқиқоти худ мебошанд.  

Бори дигар ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатӣ ба кулли ҳамватанони азиз муборак бошад. 

 

Бо эҳтиром, Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Носир Сафарализода

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту