
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳеч корманде худро ҷудо аз коллектив намедонад. Ободии коргоҳ барои ҳамагон як шарти муҳими корманди ин ниҳоди илмӣ будан аст.
Вақте Директори Институт эълон кард, ки фардоро бояд сарфи ободонӣ кунем, касе намегӯяд ман бояд кори пажӯҳишии худро ба анҷом расонам. Яъне, баробари шунидани даъвати ободонӣ ҳамагон ҳама корҳои худро як сӯ мегузоранд ва аз субҳ барои роҳандозии силсилакорҳои покиву назофат ҳозир мешаванд.
Рӯзи шанбе, 13-уми сентябри соли равон низ аз ҷумлаи ҳамин рӯзҳои покиву назофат дар Институт буд.
Ин бор лозим омад деворҳои дар муддати солҳо таъминаршударо сафед кунанд, ҷойҳои фурӯрехтаро бо гаҷ андова кунанд ва сипас сафед карда, намуди дилкашу зеборо барои ин қисмат аз бино эҳдо намоянд.
Касоне дигар ба рӯбучини саҳни ҳавливу нарм кардани бехи дарахтон ва ҷамъоварии бодовардаҳову баргҳои хазан аз ҷӯйборҳо шуданд.
Яъне, чун ҳамеша як рӯзе буд, ки ҳамагон барои ободонии коргоҳашон саҳм гирифтанд.
Расмҳо аз ҷараёни ин корҳо.




