preloader

интизор шавед...

Идомаи корҳои таъмиру тармим дар Институт

  • 28-сен-2025
  • 81 дидани саҳифа

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таъмиру тармими бино ба шиддат идома дорад. Рӯзи шанбеи гузашта ҳам кормандони Институт сари вақт ба маҳалли кор ҳозир шуданд ва ба корҳои ободонии когоҳи худ идома доданд.

Ин ҳафта навбати таъмир ва ободонии толори маҷлис буд. Кормандон дару девори онро рангубор карданд, курсиҳои шикастаро таъмир намуданд ва толорро барои ҷаласаҳои васеъ омода сохтанд.

Бонувон чун ҳарвақта ба поккории саҳни ҳавливу атрофи бино ҷалб шуданд. Онҳо ҳавлиро рӯбучин карданд, баргҳои хазонро руфтаву ҷамъ оварданд ва ба партобгоҳ рехтанд.

Ҳар шанбе дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ рӯзи покиву назофат аст ва ин анъанаи солҳост. Аммо зарфи ду-се моҳи охир ба поккориҳои саҳни ҳавливу  зери дарахтон боз тармими бино ҳам илова шудааст.

 

Аксҳо аз ҷараёни ин корҳо.


Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту