
26 –уми сентябри соли 2025 бо баргузории як ҷаласа Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ фаъолияти нуҳмоҳаи худро ҷамъбаст намуд. Ҳозирин ҳисоботи директори муассиса Сафарализода Носир Сайидҷалолро дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт шуниданд ва дар поёни нишаст атрофи маъруза ва масоили дигари вобаста ба пажӯҳишҳои илмии Институт табодули афкор намуданд.
Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Носир Сафарарализода гуфт, ки дар ин семоҳа низ ба таҳқиқот аз рӯи ҳафт мавзуи илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузоришавандаро идома дод. Вай иброз дошт, ки дар тӯли 9-моҳи фаъолият аз ҷониби зерсохторҳои илмии муассиса як қатор дастварди муҳими илмӣ ва натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки пажӯҳиши мавзуи “Минералогияи конҳои маъдании ВМКБ – и Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Лабораторияи канданиҳои фоиданок) таҳти роҳбарии узви вобастаи АМИТ, профессор Файзиев А.Р. дар ҳоли анҷом буда, то кунун таҳқиқгарон ба натиҷаҳои зерин даст ёфтаанд: Дар майдонҳои маъданӣ, ки воқеъ дар Помири Шарқӣ мебошад, дар натиҷаи ташхиси 79 маҳак файзнокии антимонит дар 14 маҳак аз 5 то 80 % пирит, дар 14 маҳак аз як аломат то 40% барит, дар 6 маҳак аз 5 то 60% тилло, дар 5 маҳак аз 1 то 24 аломат ва дар маҳакҳои алоҳида ба миқдори кам апатит, флюорит ва рутил муайян гардид.

Натиҷаи ташхисҳои маъданҳои зуҳуроти сурмаи Офтобӣ ва нуқраву тиллои Ахзев (объектҳоиПомир) таҳлил карда шуд. Дар асоси таҳлили корҳои анҷомёфтаи ҷустуҷӯӣ-иктишофӣ дар сохтори антиклиналии Маҳрам ва кони Селроҳа ба Ҷамьияти саҳомии кушодаи "Суғднафтугаз" пешниҳод барои ҷалби сармоягузорон оид ба кашфи захираҳои саноатии нафту газ дар ҳудуди ин ду сохтор ироа шудааст, ки бо ҳуҷҷаҳои расмӣ тасдиқ гардидааст (Протоколи №5 аз 09 июни соли 2025, шаҳраки Нафтобод).
Таҳқиқи мавзӯи “Паҳншавӣ ва бӯҳрони биотикӣ дар тараққиёти ҳайвонот ва набототи фанерозойи Тоҷикистон” (лабораторияи палеонтология ва стратиграфия), ки роҳбарии онро д.и.г.-м. ОспановаН.К. бар дӯш дорад, дар асоси гузаронидани таҳқиқоти илмӣ натиҷаҳои хуб ба даст оварда шуданд. Исбот карда шудааст, ки тақвияти равандҳои геодинамикӣ ва тағйироти иқлим дар иртибот бо зуҳури давраҳои кайҳонӣ дар қаламрави Тоҷикистон боиси фаъолшавии равандҳои экзогенӣ, аз ҷумла селу лағжишҳои замин мегардад;
дар асоси таҳлили маълумоти воқеӣ оид ба конгломератҳои тиллодори Дарвози Ғарбӣ исбот шудааст, ки масоҳатҳои умедбахши росипаҳои чорвосона метавонанд дар минтақаи паҳншавии свитаи Каранкӣ васеъ гарданд.

Дар мавзӯи илмии “Системаҳои гранитоидии маъданӣ-магмавии оҳан ва тиллотавлидкунандаи Тоҷикистон” (Лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис), ки таҳти роҳбарии д.и.г.-м. Ғафуров Ф.Г. иҷрои корҳои илмӣ ба роҳ монда шудааст, натиҷаҳои назаррасу муҳим ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла муайян карда шуд, ки дар раванди омӯзиши таҳшинҳои (шлихҳои) сунъӣ аз пегматитҳои Оҷук бо чунин минералҳо апатит, карбонати мис, титанит (сфен), монатсит, торит ва як фазаи номуайян бо таркиби Ca, Al, Si, Fe, (Ce, La) бой аст. Гузашта аз он, тавассути дар сатҳи баланд ба роҳ мондани шартномаи дуҷониба бо Экспедитсияи геологӣ-иктишофии сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони маъдании Назарайлоқ бори нахуст чанд танаи карбонатитӣ ва пегматитӣ аз ҷониби ходимони илмии лаборатория мавриди омӯзиш қарор гирифт ва ошкор гардид, ки дар онҳо миқдори зиёди унсурҳои камёфт, аз қабили тантал, нобий, стронсий, барий, скандий, иттрий ва ғайра мавҷуданд.

Дар мавзӯи «Тадқиқоти ҳолати шиддатнокӣ ва деформатсияшавии бино ва иншоот бо назардошти ҳамтаъсирии онҳо бо хоки асос аз таъсири сейсмикӣ» (Лабораторияи зилзилатобоварии бино ва иншоот), ки таҳти роҳбарии узви вобастаи АМИТ, профессор Ҷ.Н. Низомов корҳои таҳқиқотӣ ба роҳ монда шудааст, тайи 9-моҳи фаъолият натиҷаҳои хубу шоиста ба даст омаданд.
Дар ин лаборатория тадқиқоти эксперименталӣ тамсилаи (модели) бино ва хоки зери он дар болои виброплатформа ба анҷом расид. Виброплатформа аз филизи мустаҳкам ва чор пояи борики чандири пӯлодӣ иборат аст. Дар зери виброплатформа ба он муҳаррики вибратсионӣ устувор карда шудааст, ки мизро ба лаппиш медарорад. Дастгоҳи идории муҳаррик метавонад онро бо басомадҳои гуногун ба ҳаракати даврзананда дарорад. Муҳаррик экссентрик дорад, ки бо роҳи каму зиёд намудани вазни экссентрик шиддати лаппиши мизро тағйир диҳад. Инчунин дар болои виброплатформа қуттии калон, ки бо хок бо роҳи шиббакунӣ пур кардан лозим буд, омода шудааст, Ҳаҷми хок тахминан 22 м3 –ро ташкил медиҳад. Дар болои хок дар чоҳбун (котлован) чун дар сохтмони воқеӣ тамсилаи ду бино дар андозаи 1:8 дар ҳоли сохтан аст. Бинои якум бо таҳкурсии мехсутундор ва бинои дуюм дар болои хоки пешакӣ қабат ба қабат зичкардашуда (болиштаки хокӣ)омода шуд. Дар ҳоли ҳозир сохтани тахтатаи яклухтии ҳарду бино сохта шуда истодааст, пас аз он ошёнаҳои биноҳо мувофиқи нақшаи тасдиқшуда ба иҷро мерасад;

Мавзӯи «Баҳодиҳии ҳолати шиддатнокию шаклдигаркунӣ ва филтратсиявии сарбанди хокӣ ҳангоми заминҷунбиҳо» (Лабораторияи зилзилатобоварии иншоотҳоигидротехникӣ), ки корҳои илмии он зери назорати роҳбари илмӣ: н.и.т. Ядгоров Ё.Х. идома дорад, ба дастовардҳои хуб ноил гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таҳқиқи ин мавзуъ:
- асоснок карда шуд, ки тағйирёбӣ ва фурунишинии иншооти неругоҳ дар муқоиса бо давраии ибтидоии муоинаи он бетағйир ва дар ҳудуди талаботи иҷроиши корҳои геодезӣ доир ба истифодабарии иншоот қарор доранд;
- нишон дода шуд, ки тағйирёбӣ ва фурӯнишинии иншооти неругоҳ дар доираи талаботи иҷроиши корҳои геодезӣ доир ба истифодабарии иншоот мувофиқат мебошад;
- пешниҳод карда шуд, ки дар асоси коркард ва таҳлили натиҷаҳои ба даст омада давом додани мониторинги муҳандисии геодезӣ оид ба истифодабарии иншоот ба роҳ монда шавад.
Дар ин нуҳ моҳ дар натиҷаи таҳқиқи мавзуи “Баҳодиҳии хатари сейсмикии ҳудуди шаҳрҳои Тоҷкистон”, ки роҳбариашро н.и.г.-м. Муродқулов Ш.Я. (Лабораторияи тақиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ ва Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ) ба ӯҳда дорад, як қатор натиҷаҳои ҷолиб ба даст оварда шуданд, ки муҳимтаринаш инҳоанд:
- муайян гардид, ки дар Тоҷикистони Марказӣ нишебиҳои дорои дараҷаи 10–30° (махсусаннишондодҳои 10–20°ва 20–30°) сатҳи баланди коэффитсенти муносибати басомадҳоро доранд ва бештари ярчҳо дар нишебиҳои баландиашон 1500–2000 м (FR = 2.29) ва 2000–2500 м (FR = 1.88) ҷойгиранд;
- ошкор карда шуд, ки дар Тоҷикистони Марказӣ коэффитсиенти муносибати басомадҳои нишебиҳои ба самти ҷанубу-шарқӣ хобиш дошта ба 1.53 баробар аст, ки ин омил дар байни дигар нишондодҳо аз ҳама дида зиёд мебошад. Дар нишебиҳои дорои самти шимолӣ, ҷанубӣ ва шимолу ғарбӣ низ коэффитсенти муносибати басомадҳо аз 1 боло мебошад;
- таҳлили натиҷаҳои омӯзиши осебпазирии ярчҳо дар минтақаҳои Дарвоз ва Помири Ғарбӣ нишон доданд, ки нишебҳои дорои хобиши самти ҷанубу шарқӣ (FR = 1,59) ва ҷанубӣ (FR = 1,40) бештар осебпазир мебошанд.
- ошкор карда шуд, ки дар водии дарёи Ғунд минтақаҳои осебпазирӣ ба 5 ноҳия тақсим мешаванд: осебпазирии хеле паст, паст, миёна, баланд ва хеле баланд.

Дар Институт таҳти мавзуи «Таҳқиқоти комплексии геофизикии заминҷунбиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии д.и.ф.м.Каримов Ф.Ҳ.(Лабораторияи тақиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ ва Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ) корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пеш рафта истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таҳқиқи ин мавзуъ ин натиҷаҳо ба даст омаданд:
- фарқиятҳо дар суръати обшавии ях, шаффофият ва муқовимати барқии намунаҳои ях, ки дар шароити таъсири микросейсмҳо ва ҷудоӣ аз онҳо ба даст оварда шудаанд, ошкор гардиданд. Инчунин дастгоҳҳои (таҷҳизоти) нави рақамии сейсмологӣ барои ченкунии параметрҳои ҳаракатҳои шадиди замин ҳангоми заминларзаҳо дар пойгоҳҳои Исфара (Офтобруй), Хуҷанд, Истаравшан, Рашт, Лахш, Ҳисор, Қарасу насб карда шудаанд.
Пас аз ироаи ҳисоботи 9-моҳа миёни дтабодули афкор сурат гирифт. Профессорон Каримов Ф.Ҳ., Низомов Ҷ.Н., н.и.г.-м. Мавлонӣ С.Р. суханронӣ намуда, аз фаъолияти 9-моҳаи Институт изҳори қаноатмандӣ карданд ва ҳисоботро мусбат арзёбӣ намданд.
Дар ҷаласа ноиби Президенти АМИТ, ИлҳомҷонАмонзода ширкат намуда, ба фаъолияту дастовардҳо ва натиҷаҳои тӯли 9-моҳ ба даст овардаи кормандони илми Институт нуҷтаи назари мусбии худро баён дошт.
Фарҳод ҒАФУРЗОДА,
мудири лабораторияи
геодинамкаи фанерозой
ва петрогенезис, доктори илмҳои
геология ва минералогия