preloader

интизор шавед...

Сабти ду заминларза дар як рӯз. Бе талафоти ҷониву хисороти дигар

  • 20-окт-2025
  • 37 дидани саҳифа

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз сабти ду заминларза дар таърихи 17-уми октябри соли равон дар қаламрави кишвар хабар дод. Бино ба гузориши ин манбаъ рӯзи 17-уми октябри соли 2025,  соати 17:15 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази зилзила 400 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 115 километр шарқи ноҳияи Ишкошим дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон буд

Қувваи заминларза дар марказаш 6  балл, дар шаҳри Хоруғ 2-3 балл ва  дар ноҳияи Ишкошим 3-4 балро ташкил додааст.

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон инчунин иттилоъ дод, ки худи ҳамон рӯз соати 22:34 дақиқа ба вақти маҳаллӣ бори дигар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ин бор маркази он 6 километр ҷануби шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Душанбе буд.

Қувваи заминларза дар марказаш 3  балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил додааст.  

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ин ду заминҷунбӣ  дар ҳудуди Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ё хисорати дигар надошт. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту