
Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябри соли 2025, соати 23:14 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин зилзила 283 километр ҷанубу-шарқи шаҳри Душанбе, 101 километр шарқ аз шаҳри Хоруғи ВМКБ, 56 километр ҷанубу-шарқи ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон буд.
Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-балл, дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ 3-4 балл ва дар шаҳри Душанбе бошад 2-3 баллро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти расида, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.