preloader

интизор шавед...

Боз як пойгоҳи сейсмикӣ обод ва муҷҷаҳҳаз гардонда шуд

  • 01-ноя-2025
  • 75 дидани саҳифа

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода ва супориши Директори ИГСЗТС АМИТ, дар доираи барномаи муҷаҳҳаз гардондани пойгоҳҳои сейсмикӣ дар пойгохи сейсмикии шаҳри Хоруғ корҳои насби воситаҳои рақамии сейсмикиро ба анҷом расонд.

Маврид ба таъкид аст, ки ин пойгоҳи сейсмикӣ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба фаъолияти худ поён дода буд ва ҳоло бо талоши мутахассисони Институт ва насби таҷҳизоти замонавӣ он дубора фаъол гардид.   

 Гуфтанист, ки ин иқдом дар доираи ташаббусси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки Бонки Умумиҷаҳонӣ, тибқи зербанди 2.4. “Мустаҳкамкунии база барои таъмин намудани устувории конструксионӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон” ба мақсади омӯзиши нишондодҳои динамикии биноҳои ҷамъиятиву истиқоматӣ ва иншооти инфрасохтори (пулҳою эстакада) шаҳри Душанбе ҳангоми заминҷунбиҳои шадид, маҷмуи таҷҳизоти сейсмикии рақамии муосир мувофиқи накша аз тарафи ИГСЗТС васлу насб мешавад.

Дар кори васлу насби таҷҳизоти нав дар шаҳри Хоруғ кормандони  Институт Якубзода Ш,А., Бахтиёрӣ М.С,, Оқилов М. ширкат намуданд.  

Бояд гуфт, ки силсилаи корҳои ободониву таҷдиди техникии пойгоҳҳои заминҷунбисанҷии қаламрави кишвар ба шиддат идома дошта, қарор аст кулли ин пойгоҳҳо бо дастгоҳҳои замонавии сейсмикӣ таъмин ва ба шабакаи умумӣ пайваст карда шаад.

Таҷҳизоти васлгардида ба системаи ягонаи сейсмикии онлайнии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо пайваст гардида, маълумот дар сервери ягона барои омӯзиш ва коркард ҷамъоварӣ мешавад. Баъдан ин маълумоти гирдомада аз ҷониби мутахассисони Институт мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор мегирад. 

Иқдоми навсозии таҷҳизоти пойгоҳҳои сейсмикӣ метавонад такони хубе дар омӯзиши омилу сабабҳои заминларзаҳо дар минтақа ва вақту соати дақиқи вуқуи онҳо бошад ва дар пешрафти илми ларзашиносии кишвар қадаме ба пеш бошад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту