preloader

интизор шавед...

Баргузории ҷаласаи истеҳсолӣ бо кормандони пойгоҳҳои сейсмикӣ

  • 30-окт-2025
  • 215 дидани саҳифа

28-уми октябри соли 2025, дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ҷаласаи истеҳсолӣ бо иштироки Директори институт Сафарализода Носир Саидҷалол, мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ Ёқубзода Шокир Абулфайз, нозири калони шуъбаи кадрҳо Кароматулло Юсуф, ва ҳуқуқдон (юрист) Илҳоми Баҳром, кормандони пойгоҳҳои сейсмикӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Директори Институт ба аҳамияти назорати доимии сейсмикӣ ва саҳми кормандони пойгоҳҳоро дар таъмини амнияти сейсмологии кишвар махсус таъкид намуд. 

Дар нишаст масъалаҳои зерин мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд:  

- Фаъолияти пойгоҳҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар;

- Мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо;

- Масъалаҳои интизоми меҳнат ва риояи қоидаҳои техникӣ;

- Омодагӣ ба мавсими зимистон.

Дар ҷараёни ҷаласа кормандон дар атрофи масъалаҳои мавриди баҳс андешаҳои худро баён доштанд ва барои беҳбуди кор, дастёбӣ ба комёбиҳои илмӣ ва анҷоми босифати вазифаҳои гузошташуда ибрози назар ва пешниҳодҳои муфид дар миён гузоштанд. 

Директори Институт Носир Сафарализода дар ҷамъбасти ҷаласа ба як қатор кормандони фаъол, ки бо ҳисси масъулияту дилсӯзӣ дар пешрафти корҳо ва фаъолияти пойгоҳҳои сейсмикӣ ҳисса мегузоранд, изҳори сипос намуд ва барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу намуд.

Дар фарҷом ҳамаи кормандон бо шаҳодатнома корманди пойгоҳҳои сейсмикӣ таъмин шуданд.

 

Шокир Ёқубов

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту