preloader

интизор шавед...

Насби таҷҳизоти нави рақамӣ дар дар пойгоҳи сейсмикии Ванҷ

  • 09-ноя-2025
  • 84 дидани саҳифа

Чоруми ноябри соли 2025 кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Ванҷ таҷҳизоти нави рақамии сейсмикӣ -Titan SMA Nonometrics-ро васлу насб карданд ва онро ба Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии ИГСЗТС АМИТ пайваст намуданд. Дар айни замон додаҳои сейсмикӣ пайваста ба Шабакаи номбаршуда ба таври доимӣ дастрас ва мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор мегирад.

Маврид ба ёдоварист, ки охири соли 2024 бо ташаббусси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи зербанди 2.4. “Мустаҳкамкунии база барои таъмин намудани устувории конструксионӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон” ба мақсади омӯзиши нишондодҳои динамикии биноҳои ҷамъиятиву истиқоматӣ ва иншооти инфрасохтори (пулҳою эстакада) шаҳри Душанбе ҳангоми заминҷунбиҳои шадид, маҷмуъи таҷҳизоти сейсмикии рақамии муосир ва таҷҳизоти лабаратории сайёр ба Институт дастрас шуда буд. Ин таҷҳизот, тибқи мувофиқа бо ниҳоду сохторҳои давлатӣ ва мутобиқи нақша васлу насб мешавад. 

Дар гузоришҳои қаблӣ мо аз насби ин дастгоҳи муосири зилзиласанҷӣ дар пойгоҳҳои сейсмикии Хуҷанд, Исфара (Офтобрӯя), Истаравшан (Ӯротеппа), Ҳисор, Ҷиргатол (ноҳияи Лахш), Ҳазорчашма (ноҳияи Рашт) Хорӯғ, дигари кишвар хабар дода будем. 

  Директори ИГСЗТС АМИТ Носир Сафарализода мувофиқи нақшаи корӣ гурӯҳи илмиро аз ҳайати мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ Шокир Ёқубзода, ходими калони илмии озмоишгоҳии баҳодиҳии хатарҳои сейсмикӣ М.Бахтиёрӣ ва ходими илмии озмоишгоҳи зилзилатобоварии бино ва иншоот созмон дода буд, ки тибқи ҳамин нақша кори насби таҷҳизоти нав дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Ванҷ ба анҷом расид.

Гуфтанист, ки пойгоҳи сейcмикии Ванҷ дар яке аз мавзеҳои фаъоли тектоникӣ ҷогир буда, ҳамчун як минтақаи калидӣ барои дарки равандҳои орогенӣ ва пайдоиши заминҷунбиҳо, ки дар натиҷаи бархӯрди плитаҳои тектоникӣ ба вуҷуд меоянд, ба шумор меравад. Омӯзиши ин мавзе на танҳо барои пажӯҳишҳои геологӣ, балки барои арзёбии хатарҳои табиӣ низ аҳамияти калон дорад.

Чуноне ишора рафт, то имрӯз дар 8 пойгоҳи сейсмикию геофизикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин гуна дастгоҳҳо васлу насб карда шуданд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту