preloader

интизор шавед...

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзи саодати кишвар

  • 15-ноя-2025
  • 32 дидани саҳифа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он абармардони сиёсати оламанд, ки аз нахустин рӯзҳои сари ҳокимият омадан сулҳро шиор карданд ва хатми ҷанги дохилиро ҳадафи аслии худ қарор доданд. Миллат он рӯзҳои мудҳишеро, ки бародар бародарро мекушту касе ба касе раҳму шафқат надошт, кишвар харобу валангор мешуду мардум сарсону саргардон фаромӯш накардааст. Оре, таърих аст, ки фаромӯш намешавад ва ҳамин таърих аст, ки корномаи ин шахсияти бунёдкорро бо ҳарфҳои заррин дар қалби мардумаш навиштааст. Маҳз мардуманд, ки Эмомалӣ Раҳмонро наметавонанд лаҳзаи фаромӯш созанд, зеро имрӯзи Тоҷикистон ба ҳамон рӯзе мепайвандад, ки зимоми ҳукуматро дар як кишвари харобу ҷангзада ба даст гирифтанд. 

Панҷ сол лозим омад, то дар шаҳри Москав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расад, ки Тоҷикистонро ба роҳи нави зиндагӣ-роҳи осоиш, пешрафт ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ворид намуд. Имрӯз сулҳи тоҷикон намунаи барҷастаи ҳалли муноқишаҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва иродаи сиёсӣ дониста мешавад. Маҳз ҳамин сулҳу осоиш буд, ки Тоҷикистони азиз таҳти сарпарастиву ҳидоятҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ тавонист ба як кишвари амну босубот ва рӯ ба тараққӣ табдил ёбад.

Маврид ба ёдоварӣ ва таъкид аст, ки Пешвои миллат ҳамеша такрор менамоянд, ки сулҳ ва амният пояи асосии давлатдории устувор аст. Бо ин мақсад, дар кишвар низоми боэътимоди амниятӣ ва сиёсати миллии муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ ташкил ёфт. Тоҷикистон имрӯз дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ нақши фаъоли минтақавӣ мебозад ва бо дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

  Пешвои миллат, ҳадафҳои стратегии миллиро муайян карданд, ки он ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки татбиқи ин барномаву стратегияҳо симои иқтисодии кишвари маҳбубро комилан дигар кард. Имрӯз шоҳроҳҳое сохта шуданд, нақбҳо ва пулҳои азиме сохта шуданд, ки тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро дар чаҳор фасли сол ба ҳам мепайванданд. Неругоҳҳои обии барқии азим ва корхонаҳои саноатӣ кишварро ба як маркази нави истеҳсоливу энергетикӣ табдил додаанд.

Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори донишманд, закӣ, сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудаанд. Пешвои миллати тоҷикон аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ бо пешниҳодҳои муҳим - аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи захираҳои об, истифодаи оқилонаи он ва пешгирии тағйирёбии иқлим - садо баланд карданд. То кунун беш аз шаш ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст, ки ин далели эътирофи ҷаҳонии мақому нуфузи Тоҷикистон мебошад. Бо ин васила, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари фаъол дар сиёсати байналмилалӣ ва ҷонибдори сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил ёфтааст.

Президенти муҳтарами мо дар миёни сарварони обруманди ҷаҳон мавриди эътирофу таҳсинанд. Беҳуда нест, ки Владимир Путин-президенти Федератсияи Русия зимни як суханрониаш гуфта буд: 

 «Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони барҷастаи замони мост, ки тавонист сулҳи пойдорро дар кишвари худ барқарор намояд. Тоҷикистон имрӯз намунаи сулҳ ва субот дар минтақа аст.»

Наметавонам ин ҷо аз як фармудаи Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дарвоқеъ дар сулҳи тоҷикон нақши муҳим бозида буд, ёд накунам. Ин шахсияти маъруфт гуфта буд: «Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Ӯ дар як сол сулҳи бебозгашт овард — чунин Пешворо ҳар миллат орзу мекунад.»

Мо аз ин гуна арзёбиҳо ифтихор мекунем, ки чунин сарвари эътирофшуда дар сатҳи ҷаҳон дорем.

Ҳамагон медонем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Бинобар ин, 16-уми ноябр ифодакунадаи ибтидои нахустин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон дониста мешавад.

Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. 

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи сокинони кишварро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям. Умедворам ин рӯзи саидро садсолаҳо наслҳо бо як ҷаҳон ифтихор ҷашн хоҳанд гирифт! 


Носир Сафарализода, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту