preloader

интизор шавед...

Парфишон бод, Парчамат Тоҷикистон!

  • 24-ноя-2025
  • 5 дидани саҳифа

Мо ҳар сол 24-уми ноябрро бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ ҳамроҳ бо тантанаҳои ҷашнӣ ҳамчун Рўзи қабули Парчами давлатӣ  таҷлил мекунем. Дар ин рӯз ё бахшида ба ин рӯз дар саросари кишвар, бахусус дар ниҳодҳои фарҳангиву илмӣ нишастҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои гирд доир мешаванд, ки дар он донишмандони маъруф ширкат мекунанд. Чунин як нишасте дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ низ баргузор шуда буд.

 Ин рӯзи накӯ рамзи иттиҳод ва ҳамдилии миллати мо ва ҳамаи тоҷикистониён аст ва ба иродаи поки миллат ва пайванди ногусастанӣ бо арзишҳои милливу таърихӣ мекунад. Бори дигар собит мешавад, ки мо мардуми тамаддунофарем.

Аз таърих медонем, ки пас барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҷумҳурии мо низ узви ҳамин иттиҳод буд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ба вуҷуд омад.

Бо мақсади ҳар чи зудтар қабул намудани рамзҳои давлатӣ, аз 28 июни соли 1991 Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Ҳамзамон, ҳамон вақт озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба шаклу намуд ва мазмуну моҳияти рамзҳои давлатӣ эълон шуда буд.

Ниҳоят, баъди баҳсҳои тулонӣ дар парламон Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол бо инъикоси се ранг: сурху сафеду сабз ва дар маркази он акси тоҷ бо ҳафт ситора  қабул шуда, дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон рўзи 24 ноябри соли 1992  тасдиқ шуд.

Ногуфта намонад, ки Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Тарзу усули истифодабарӣ ва аз лиҳози ҳуқуқӣ чӣ тавр муносибат намудан бо Парчами давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 12 майи соли 2007 муайян гардидааст.

Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор шуд ҳамасола рўзи 24 ноябр ҳамасола чун «Иди Парчам» таҷлил карда шавад, ки ҳадаф аз ин тадбир афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ мебошад. Презденти мамлакат моҳи ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ, лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар пешниҳод намуданд. Ҳамин тариқ, тавассути ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 минбаъд рўзи 24-уми ноябр чун рўзи «Иди парчам» муқаррар гардид.

Мо ба ин ҳаргиз шак надорем, ки Парчами давлатии мо чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Дар ин бора худи Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Ба муносибати ин рӯзи пурифтихор ҳамкорон, ҳамкасбон ва кулли мардуми шарифи кишварро муборакбод мекунам.

Бигзор Парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон бод!

 

Бо эҳтиром, Шокир Ёқубзода, мудири шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту