
Монографияи илмии ходими пешбари илмии лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Малахов Фирӯз Абдуллохонович (Абдуллоҳзода Ф.А.) “Минералогия, пайдоиш ва қонуниятҳои ҷойгиршавии минерализатсияи ониксии Тяншони Ҷанубӣ ва ҳудудҳои атроф” аз чоп баромад.
Гуфтанист, ки монография таҳти назари доктори илмҳои геология ва минералогия, мудири озмоишгоҳи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси ИГСЗТС АМИТ Фарҳод Ғафуров рӯйи чоп дид.
Ба монография доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Мирзо Саидов ва доктори илмҳои геология ва минералогия, мудири озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки ИГСЗТС АМИТ Файзиев Ф.А. тақриз навиштаанд.
Чопи монографияи мазкур бо дастгирии бевоситаи Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода муяссар шуд.
Рушди босуръати саноати коркарди санг дар Тоҷикистон боиси афзун гардидани талабот ба ашёи хоми сангҳои ранга, аз ҷумла оникси мармарӣ гардид. Ин дар навбати худ, зарурати зиёд кардани захираҳои маъданшавии оникс ва кашф гардидани манбаъҳои нави минералии ин ашёи хомро ба миён овард. Аммо ҷустуҷӯи объектҳои нав афзудан ба арсеналҳои меъёрҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки геологӣ ва минералогиро талаб мекунад.
Баҳри ноил шудан ба мақсадҳои дар пеш гузошта таҳлили муқоисавии хусусиятҳои геологиву сохторӣ ва пайдоиши конҳои оникси мармарӣ, муайян намудани таъсири онҳо ба ташаккули маъданҳо, омӯзиши таркиби минералӣ ва унсурҳо – омехтаҳо дар дохили минералҳо, баҳри муқаррар намудани хусусиятҳои типоморфии онҳо, муайян кардани параметрҳои физикию кимиёвии муҳити минералҳосилкунанда дар асоси омӯзиши дохилшавии моеъ дар оникс ва маъданҳои ҳамроҳи он, муайян ва таҳлили омилҳои асосии ҷойгиршавии минерализатсияи оникс ва дар асоси онҳо коркарди меъёрҳои ҷустуҷӯ ва пешгӯӣ ва ғайраҳо гузаронида шуданд.
Монографияи пешниҳодшуда кӯшиши аввалини ба ҳам овардани маводи мавҷуда оид ба минералогия, шароити ҳосилшавӣ ва пайдоиши конҳо ва зуҳуроти оникси мармарӣ дар қисмати Тиёншони Ҷанубӣ ва минтақаҳои ҳамсарҳад мебошад.
Маврид б атаъкид аст, ки ин монография ба омӯзиши ҳаматарафаи хусусиятҳои геологӣ-сохторӣ ва минералогию термобарогеокимиёвии пайдоиши конҳо ва зуҳуроти оникси мармарӣ бахшида шудааст. Дар он оид ба минералогия, шароити пайдоиш ва генезиси конҳо ва зуҳуроти оникси мармарӣ дар Тиёншони Ҷанубӣ ва ҳудудҳои ҳамсарҳад маълумоти нав оварда шудаанд.
Дар китоб маводи мавҷуда оид ба геология ва мавқеи сохтории минерализатсияи оникс ҷамъбаст карда шуда, дар асоси он таснифоти нави намудҳои сохториву морфологии пайдоиши оникси мармарӣ, ки аҳамияти муайяни пешгуӣ ва ҷустуҷуӣ дорад, коркард карда шудааст.
Монография барои доираи васеи геологон, хусусан барои мутахассисон дар самти геологияи маъданӣ, ҳамчунин барои аспирантону унвонҷуён, магистрантҳо ва донишҷӯёни макотиби олӣ, техникумҳо пешбинӣ гардидааст.