
Зумре аз кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар ҳамоиш бахшида фаъолияти илмии академик Хуршед Каримов ширкат карданд. Ин ҳамоиш 10 – уми декабри соли равон бо ташаббуси Шуъбаи илмҳои биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд.
Нахуст ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири Шуъбаи илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода Акобир Карим ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои ҳамоишро ба ҷамъомадагон фаҳмонида, дар бораи пешрафти кори шуъба дар самти илм маълумоти мухтасар дода, оид ба фаъолияти пурсамари академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Хуршед Ҳилолович маълумот дода, иброз дошт, ки ин шахси бузург намунаи ибрати ҳамаи мову шумо буда, дар қайди ҳаёт буданаш таъсири калоне дар пешрафти илми тоҷик гузоштааст.

Дар солҳои охир саҳми арзандаи илми биология, коркарди дастовардҳои намоёни илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, инчунин омода намудани як зумра кадрҳои баландихтисос дар рушди соҳаи илмҳои биологӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад. Яке аз олими шинохта ва намоёни соҳаи илми биология, роҳбар ва ташкилотчии моҳиру оқил дар тӯли умри пурфайзу бобаракаташон тавонистанд бо хиради воло дар соҳаи илмҳои биология, алалхусус, физиология ва биохимияи рустаниҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст, академики АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ Каримов Хуршед Ҳилолович ба ҳисоб меравад.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳар яки мо аз китоби “Алифбо” аввалин ҳарфҳоро омӯхтаем ва хело ҳам хуб медонем, ки устоди азизу гиромиқадри мо, Хуршед Каримов - фарзанди муаллифи китоби мазкур, зиндаёд профессор Ҳилол Каримов ба ҳисоб мераванд, ки рӯзи 10 - уми декабри соли 1935 дар шаҳри бостонии Самарқанд зода шудаанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки фаъолияти кории академик Каримов Х.Ҳ. пас аз хатми ин донишгоҳи олии бонуфуз, соли 1958 аз вазифаи ходими хурди илмӣ шурӯъ гардид. Сипас номбурда ба ҳайси ходими калони илмӣ, солҳои 1961-1966 - мудири озмоишгоҳ, солҳои 1966-1986 - муовини директори Институти физиология ва биофизикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин солҳои 1986 - 2011 директори ҳамин институт шуда кор кардааст.

Профессор Каримов Хуршед Ҳилолович соли 1974 дар мавзӯи “Рушду нумӯи зимистона ва оромии тобистонаи рустаниҳо дар минтақаҳои хушки Тоҷикистон” рисолаи докториро дифоъ карда, соли 1981 узви вобастаи АИ ҶТ, соли 1985 академики АИ ҶТ интихоб гардида, соли 1989 ба унвони профессор сазовор гардиданд. Каримов Х.Ҳ. солҳои 1987-2014 ҳамчун раиси Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисоси “Физиология ва биохимияи рустаниҳо” фаъолият намуда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи биология саҳми босазо гузоштанд.
Маҳз бо ташаббуси академик Каримов Х.Х. Озмоишгоҳи асосҳои физиологии рустанипарварии самаранок таъсис дода шуда, аввалин мудири ин озмоишгоҳ мавсуф дар коркарди системаи тамоми сол истифодабарии заминҳои обёришаванда саҳми назаррас гузоштааст. Усулҳои гуногуни интенсификатсияи рустанипарварӣ дар заминҳои обёришаванда, аз ҷумла нақшаи кишти пахта, зироатҳои хӯроки чорвои мобайнии дар зимистон нашвкунанда ва ғайраҳо коркард карда шудааст.