preloader

интизор шавед...

Пайём ва илм: нақши олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар

  • 19-дек-2025
  • 55 дидани саҳифа

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ҳамчун санади муҳими сиёсиву роҳнамо дар марҳалаи нави тараққиёти кишвар аҳаммияти хосса дорад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ин Паём дар он ифода ёфт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди кишварро дар даҳ соли охир мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, натиҷаҳо, дастовардҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро ҷамъбаст намуданд.

Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои калидии рушди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти устувори соҳаҳои гуногуни кишварро матраҳ намуда, дар самтҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон рушди соҳаи гидроэнергетикаро ҳамҷун масъалаи афзалиятнок ва зарурӣ номида, қайд карданд, ки дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии истиқлоли энергетикӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обӣ ва манбаъҳои энергияҳои барқароршаванда бо суръати баланд идома дорад. Дар солҳои охир таҷдиди агрегатҳои НБО-и «Норак» ва «Қайроққум» амалӣ гардида, сохтмони НБО-и «Себзор» ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Ҳамзамон, бунёди НБО-и «Роғун» ҳамчун иншооти калидии энергетикӣ босуръат пеш рафта, беш аз нисфи корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд. Дар баробари ин, бо мақсади диверсификатсияи манбаъҳои энергия, сохтмони нерӯгоҳи барқии офтобӣ дар вилояти Суғд оғоз мегардад. Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ афзоиш ёфта, норасоии мавсимии барқ пурра бартараф шуда, заминаи устувори рушди иқтисоди миллӣ фароҳам оварда шавад.

Дар татбиқи ин ҳадафи стратегии мамлакат, яъне ноил гаштан ба истиқлоли энергетикӣ саҳми олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон назаррас ва арзишманд мебошад. Таҳқиқоти илмӣ, арзёбии хавфҳои сейсмикӣ ва таҳияи тавсияҳои муҳандисӣ аз ҷониби олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ зимни лоиҳакашӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ нақши калидӣ бозидаанд. Натиҷаҳои ин тадқиқот ба баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, эътимоднокӣ ва устувории иншоотҳои гидроэнергетикӣ мусоидат намуда, барои истифодаи дарозмуддати онҳо дар шароитҳои гуногуни геологӣ заминаи боэътимод фароҳам оварданд.

Мушоҳидаҳои доимии ҳолати сарбандҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ ва амалии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ба шумор меравад. Ин мушоҳидаҳо бо мақсади назорати устуворӣ, ошкор намудани тағйироти геодинамикӣ ва пешгирии хавфҳои эҳтимолии сейсмикӣ ба таври мунтазам анҷом дода мешаванд, ки ин бевосита ба бехатарии иншоотҳои гидротехникии мамлакат таъсири мусбӣ мерасонад.

Ғайр аз ин, аз ҷониби олимони қонуниятҳои фазогии зуҳуроти ярчӣ ва хусусиятҳои фарқкунандаи онҳо дар ноҳияҳои муҳандисӣ-геологии Тоҷикистон ба таври амиқ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Бар асоси натиҷаҳои бадастомада, моделҳои осебпазирии ярчӣ барои минтақаҳои силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш, водиҳои дарёҳои Ғунт, Хингоб, Зарафшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия шудаанд, ки дар онҳо усулҳо ва технологияҳои муосири геоинформатсионӣ истифода шудаанд. 

Корҳои илмию амалии иҷрокардаи мо дар самти омӯзиш, таҳлил ва моделсозии равандҳои табиии хатарнок, аз ҷумла зуҳуроти ярчӣ ва хатари сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон, барои расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ нақши муҳим ва калидӣ доранд. Натиҷаҳои бадастомада имкон медиҳанд, ки ҳангоми тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодабарии иншооти муҳандисӣ хатарҳои табиӣ илман арзёбӣ ва пешгирӣ карда шаванд. Ин, дар навбати худ, ба таъмини бехатарии роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ ва иншооти муҳими иҷтимоӣ мусоидат намуда, заминаи боэътимоди рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишварро фароҳам меорад. Ҳамзамон, чунин тадқиқотҳо ба таҳкими иқтидори илмӣ, татбиқи дастовардҳои илми муосир дар истеҳсолот ва баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади мукаммал ва ҳамаҷониба буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар бар мегирад. Супоришҳо ва дастурҳои Пешвои муаззами миллатро олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сармашқи фаъолияти илмию таҳқиқотии худ қарор дода, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан ва миллат дар роҳи ҳалли масъалаҳои муҳими илмӣ ва амалӣ пайваста фаъолият менамоянд. Онҳо бо истифода аз усулҳои муосири таҳқиқот ва технологияҳои муосири геоиттилоотӣ дар самти коҳиш додани хавфҳои табиӣ, таъмини бехатарии иншооти гуногун ва рушди устувори кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Дар баробари ин, дастовардҳои илмии олимони институт дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, ба баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар ҷаҳон мусоидат менамоянд. 


Ш.А Файзуллоев, ходими калони илмӣ,

роҳбари гурӯҳи технологияҳои 

геоиттилоотӣ ва зондкунии дистансионии 

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ

 тобовар ва сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту