
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар шароити муосир муайян менамояд. Дар паём дастовардҳои муҳимми соли 2025 ҷамъбаст гардида, аз ҷумла ба баргузории интихобот дар фазои озод ва шаффоф, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО таъкид карда шуд.
Дар бахши иқтисодӣ натиҷаҳои татбиқи стратегия ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд баррасӣ шуда, афзоиши назарраси маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, баланд шудани даромади аҳолӣ ва беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ зикр гардиданд. Ҳадафҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030, аз ҷумла дучанд намудани ҳаҷми иқтисод, рушди саноат, кишоварзӣ ва хидматрасониҳо муайян карда шуданд.
Дар Паём ба рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ислоҳоти идоракунии давлатӣ, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ ва шаффофият дар соҳаҳои энергетика ва молия аҳаммияти хос доа шуд. Рушди саноатикунонии босуръат, энергетика (хусусан сохтмони НБО «Роғун» ва неругоҳҳои офтобӣ), кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва ҷалби сармоя ҳамчун самтҳои калидӣ муайян шудаанд.
Дар бахши иҷтимоӣ афзалияти илму маориф, тандурустӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодагӣ ба ислоҳоти низоми таҳсилот таъкид гардид. Дар ин қисмати Паём масъалаҳои калидии рушди маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилоти олӣ, ки аз соли 2004 оғоз ёфта, соли 2014 пурра ҷорӣ шуд, имрӯз ниёз ба таҳлили ҳамаҷонибаи бурду бохти он дорад. Зарурати аз байн бурдани омилҳои инсонӣ дар раванди имтиҳонҳо, нақши Маркази миллии тестӣ ва баланд бардоштани шаффофияти арзёбӣ махсус зикр гардид.
Дар Паём ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аҳаммияти хос дода шуда, таҳияи хулосаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои асоснок ҷиҳати тезонидани ин раванд муҳим шуморида шудааст. Ҳамзамон, ба масъулияти падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеа дар тарбияи насли босаводу соҳибкасб, дур аз таассубу хурофот ва дорои худшиносии миллӣ таъкид гардид.
Бахши илм ба омӯзиши пиряхҳо ва илмҳои криосфера ҳамчун самти стратегӣ бахшида шуда, бо назардошти эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи илмҳои криосфера» нақши Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии обу иқлим баланд арзёбӣ гардид. Дар ин замина пешниҳод карда шуд, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил дода шавад.
Дар соҳаи фарҳанг бунёд ва азнавсозии иншооти фарҳангӣ, рушди китобдорӣ, ҳифз ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангӣ, инчунин ворид гардидани ёдгориҳои миллӣ ба феҳристи ЮНЕСКО ҳамчун дастовардҳои муҳим арзёбӣ карда шунд. Пешниҳод оид ба таҳияи қонуни бостоншиносӣ, бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ба таҳкими ҳуввийяти миллӣ равона шудаанд.
Дар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ афзоиши назарраси маблағгузорӣ, рушди инфрасохтор, зарурати такмили низоми маблағгузорӣ, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва рушди саноати дорусозӣ таъкид гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷалби аҳолии қобили меҳнат ба шуғли расмӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ҳамчун афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муайян гардиданд.
Дар қисми хотимавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тақвияти сиёсати иҷтимоӣ, нақши ҷавонон ва занон, таъмини амният, сиёсати хориҷӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар паём тадбирҳои мушаххаси иҷтимоӣ, аз ҷумла афзоиши маоши кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳадди ақалли музди меҳнат ва индексатсияи нафақаҳо аз 1 сентябри соли 2026 эълон гардид. Ин иқдомҳо ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд.
Сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоӣ муаррифӣ шуда, саҳми ҷавонон дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар таъкид карда шуд. Ҳамзамон, кайд карда шуд, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон, ҷалби онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва нақши онҳо дар тарбияи насли солиму соҳибмаърифат дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад.
Дар бахши амният ва қонунгузорӣ нақши волоияти қонун, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии рушди устувори давлат таъкид шуда, вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва таҳдидҳои киберӣ мушаххас гардиданд. Ҳамчунин, самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити мураккаби геосиёсии ҷаҳон баён шуданд.
Қисмати ҷамъбастӣ ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, саҳми шаҳрвандон ва соҳибкорон дар корҳои ободониву созандагӣ ва пешниҳоди эълон намудани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободонӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ бахшида шудааст.
Дар маҷмуъ, паём барномаи мукаммали рушди устувори кишварро дар асоси навоварӣ, иқтисоди «сабз», ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, барномаи мукаммали иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии давлатро баён намуда, мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ, меҳнати созанда ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ҳидоят менамояд.
Фотеҳ Файзиев, доктори илмҳои геология ва минералогия, мудири озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ