
Ҳамдиёрони азиз!
Дар осонаи фарорасии соли нави мелодии 2026 ҳамаи Шуморо ба ин муносибат муборакбод мекунам, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат ва соли саршор аз дастовардҳои беназири маънавиро таманно дорам!
Соли 2025 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли саршор аз муваффақият ва дастоварду хотироти нек буд. Зеро дар ин сол кишвари маҳбуби мо татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги таърихӣ, сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардид. Дар ин сол мо шоҳиди бозя як дастовард дар сатҳи байналмилалӣ шудем: номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Шомил шудани ин суннати қадимӣ ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО на танҳо ҷойгоҳи фарҳанги миллии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебардорад, балки ба ҳифзу интиқоли ин мероси гаронбаҳо ба наслҳои оянда низ мусоидат хоҳад кард.
Мо шоҳиди онем, ки аз ҳар гӯшаи дунё хабар аз ҷанг меояд. Бо шукргузорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи мо сулҳу субот ва ҳамгироӣ ҳукмрон буда, гузаронидани чунин барномаҳову озмунҳои зеҳнию илмӣ фазои кишвари моро бо дастовардҳои илмию фарҳангӣ зебу оро бахшидааст.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар баромаду саханрониҳо ва паёмҳои худ ба рушди илм, иқтисоду саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Чунончӣ, дар Паёми ахири худ ба Маҷлиси Олӣ басо батафсил дар бораи ҳар як комёбиву муваффақият ҳарф заданд. Шунидани комёбӣ ба кас рӯҳу илҳом мебахшад. Аз ҷумла Пешвои миллат гуфтанд, ки дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Ҳамзамон Президенти муҳтарам иброз доштанд, ки моро зарур аст суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват карданд, ки “фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд”.
Муваффақиятҳои рӯзафзуни кормандони соҳа ва ташаббусу иҷдомоти арзишманди Пешвоми муаззами миллат дар ин самт, ангеза ва ҳавасмандиро бобати кӯшишҳои бештар ва босамартар зиёд мегардонад.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 сидқан табрику муборакбод намуда, ба шумо тандурустии комил, зиндагии пурнишот ва дар самти омӯзишу ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ руҳияи қавӣ орзу менамоям.
Соли нави милодии 2026 фархунда бод!
Бо эҳтиром,
Носир Сафарализода,
директори Институти геология,
сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар
ва сейсмологияи АМИТ.