
Ҳамасола ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои ҷомеаи мо рӯйдоди басо муҳим мебошад. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки моҳи декабри соли 2025 ироа шуд, боз як маротибаи дигар мақому манзалати ин ҳуҷҷати стратегии давлатдориро собит кард.
Пешвои миллат дар Паём масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятиро мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро равшану дақиқ муайян намуданд. Махсусан, таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи рушди илм ва истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла дар соҳаи геология ва мониторинги сейсмикӣ, мояи ифтихор ва масъулияти бештар аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бахши Паёми худро ба рушди илму техника бахшиданд. Аз ҷумла фармуданд: Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд. Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд.
Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд.
Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад.
Дарр Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба захираҳои кории кишвар таваҷҷуҳи хоса карданд. Пешвои муаззами миллат аз ҷумла иброз доштанд, ки “Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд чораҳои судманд андешида шаванд.
Ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд”.
Дар Паём зикр гардид, ки барои ҳифзи амнияти сейсмикӣ ва рушди устувори инфрасохторҳо бояд тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ин нукта барои мо, кормандони соҳаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ, раҳнамои равшан аст, ки фаъолияти худро боз ҳам пурмазмунтар ва масъулиятноктар ба роҳ монем. Дар ин замина, шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии АМИТ низ бо дарки амиқи Паёми Пешвои миллат, тамоми кӯшиш ва иқдомҳои худро ба кор мебарад, то ки дар таҳқиқ ва мониторинги хатарҳои табиии сейсмикӣ саҳми арзанда гузорад.
Бовар дорем, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва заҳмати содиқонаи ҳар як мутахассиси соҳа, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди босифат ворид мегардад.
 |
Ш.А. Ёқубзода,
мудири шабакаи мониторинги
сейсмикию геофизикии АМИТ
|