“Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям...”.
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан ҳам имрӯз илму маориф яке аз самтҳои муҳим ва асосии пешрафту тараққии ҷомеа маҳсуб мешавад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ як миллату давлат бе рушди соҳаи илму маориф рушд нахоҳад кард. Дар замони имрӯз дар ташаккулёбии равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди бемайлону босуръати технологияву инноватсия ва рақамикунонӣ нақши илму маориф хело муҳим аст.
Месазад зикр намуд, ки илму маориф дар замони муосир пояи устувори инкишофёбӣ ва ҷаҳонбинии васеи инсоният маҳсуб меёбанд. Илму маориф ин ду неруи тавонои такконбахши ҷомеаанд. Аз ин ҷост, ки бе илму маориф пешрафти иқтисод ва соҳибистиқлолии комили он аз имкон берун аст.
Ҳамагон огаҳем, ки Ҳукумати кишвар ҳамасола баҳри беҳдошту баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи илму маориф ғамхорӣ зоҳир намуда, маблағгузории ин соҳаи калидии иқтисодро мунтазам зиёд менамояд. Чӣ тавре, ки Сарвари давлат дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд, ҳамасола беш аз 20 фоиз маоши кормандони соҳаи илму маориф баланд бардошта мешавад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум, панҷу ним баробар зиёд мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ, бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ Вазоратҳои маориф ва илм, молия, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро вазифадор карданд, ки доир ба ин масъала ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
«Мо бояд ба рушди илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем...»
Эмомалӣ Раҳмон
Солҳои 2020-2040-ро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда буданд, ки дар воқеъ ин пешниҳод саривақтӣ ва муҳим буд. Дар доираи ин иқдоми Сарвари давлатамон кулли муассисаҳои миёнаву олии кишвар ва Институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ чорабиниҳоро дар сатҳҳои гуногун доир карда истодаанд. Хоса дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ соли 2025 бахшида ба ин иқдом конференсияи байналмиллалӣ доир карда шуд, ки дар кори он олимону мутахассисони варзида на танҳо аз дохили кишвар балки берун аз он, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Эрон, Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Узбекистон ва ғ. ширкат ва бо маърузаҳои илмии худ баромад намуда буданд.
«Тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманд кафили рушди устувори ҷомеа мебошад...»
Эмомалӣ Раҳмон
Дуруст зикр карданд, - Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри пешбурди илму маориф моро зарур аст, ки дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос диққати зарурӣ диҳем. Имрӯз махзани асосии омода намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаи геология, сохтмон ва сейсмология асосан Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данѓара, Донишгоҳи давлатии Хоруѓ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи кухи-металлургии Тољикистон ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шањри Душанбе маҳсуб меёбанд. Дар самти омода намудани кадрҳои ҷавони соҳавӣ моро зарур аст, ки сифати таълимро дар ин муассисаҳои илмӣ- таълимӣ ҷиддӣ пурзӯр ва ҷалби устодони соҳибтаҷрибаву олимони соҳавиро барои таълиму тадрис дар сатҳи баланд ба роҳ монем. Воқеан, имрӯз дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони соҳаи геология ва сейсмология ба чашм мерасад.
Баҳри шавқманд кардани ҷавонони ба шоҳроҳи илм раҳсипаргашта роҳбарияти Институт кӯшишу заҳматҳои назаррасро пеша кардааст. Бо дастгирии Президенти АМИТ, академик Хушвахтзода Қ.Х. ва саъю талошҳои ҳамарӯзаи директори Институт, номзади илмҳои геология ва минералогия Сафарализода Н.С. ҷалби мутахассисони ҷавон ба илм ҷоннок гардида, рӯз то рӯз сафи онҳо дар Институт зиёд шуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки мо ҷавонон аз имрӯз ба донишомӯзӣ ҷиддан муносибат намоем ва аз ҳама имконияту шароитҳои мусоиде, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мо муҳайё сохтаанд, самаранок истифода намуда, дар пешрафту нумуи соҳаи илму маориф саҳми беандоза дошта бошем. Бо саҳму кушишҳо, иродаи қавӣ ва худшиносиву масъулиятшиносӣ мо ҷавонон бо тавоноиву устувории худ метавонем ояндаи ҷомеаро равшан ва баҳри шукуфоиву пешрафти кишвари азизамон заминаи устувор гузорем.
 |
|
Назарбекова Н.Д. – корманди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ |