preloader

интизор шавед...

Семинари илмӣ бахшида ба Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 феврал)

  • 26-фев-2026
  • 56 дидани саҳифа

Бахшида ба Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти геология, сохтмони ба заминҷумбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби лабораторияи петрология ва геокимиё семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Семинарро директори Институт, муҳтарам Сафарализода Н.С. оғоз намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати ин санаи муҳим табрик ва таҳният намуданд.

Нахуст директори Институт бо маъруза дар мавзуи «Магнезиокумингтонит аз кони маъдани оҳани Харангони Миёна» баромад намуданд. Дар маъруза зикр гардид, ки кони Харангон бо гуногунии минералии худ фарқ мекунад, ки дар он минералҳои скарнӣ ва апоскарнии дорои таркиб ва генезиси гуногун вомехӯранд. Дар байни минералҳои ғайримаъданӣ дар кон бештар амфиболҳо – аз қатори изоморфии актинолитӣ дучор меоянд, ки рагҳо ва зеррагҳои андозаашон аз 1-1.5 мм то якчанд метр ва бештарро ташкил медиҳанд.

Бори нахуст дар ассотсиатсияҳои амфибол-пиритӣ дар ин кон магнезиокуммингтонит дарёфт карда шуд, ки агрегатҳои майдадона ва сӯзаншаклро ҳосил мекунад. Он камназир буда, танҳо бо методи микроскопӣ муайян карда шудааст. Минерал дар расишҳо (контактҳо) ва тарқишҳои пириту амфибол инкишоф меёбад.

Куммингтонит – минерали хоси пайдоишоти метаморфӣ, аз ҷумла гнейсҳо ва варақсангҳо (сланетсҳо) мебошад.

Магнезиокуммингтонит – минерали ҷинсҳосилкунанда ва узви ниҳоии магнийдори қатори куммингтонит-грюнерит аз гурӯҳи амфиболҳо (силикатҳо) аст. Рангаш хокистарӣ, сабз ё ҷигарӣ буда, дар ҷинсҳои магматикӣ ва метаморфӣ вохӯрда, аксар вақт агрегатҳои риштадорро ба вуҷуд меорад ва барои он миқдори баланди магний хос мебошад (>70%). Бо ҳамин хусусиятҳояш магнезиокуммингтонит аз куммингтонит фарқ мекунад.

Дар бораи таркиби кимиёвӣ, хусусиятҳои физикӣ ва шароити пайдоиши минерал маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Қайд гардид, ки ин минерал бори аввал дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ муайян гардидааст.

Кумингтонит асосан дар шароити метаморфизми минтақавӣ ва контактивӣ ташаккул ёфта, дар амфиболитҳо, гнейсҳо ва метабазитҳо вомехӯрад. Ин минерал нишондиҳандаи муҳими шароити ҳарорату фишори миёнаи метаморфизм ба ҳисоб меравад.

Сипас доктори илмҳои геология ва минералогия Ғафуров Ф., ходими калони илмӣ Абдуллоҳзода Ф.А. дар мавзуи «Элементҳои нодир дар танаҳои карбонатитии падидаи маъдании Гапиров» баромад намуданд. Қайд гардид, ки падидаи маъдании Гапиров ба минерализатсияи металлҳои камёфт ва нодирзаминӣ мансуб буда, бо танаҳои карбонатитӣ алоқаманд мебошад.

Танаҳои карбонатитӣ асосан аз калсит, доломит, анкерит ва сидерит иборат буда, дар минтақаҳои кафишҳои жарфо ҷойгир шудаанд ва бо магматизми ишқорӣ ва равандҳои метасоматикӣ вобастагӣ доранд.

Ба таркиби элементҳои нодирзаминӣ дохил мешаванд: La, Ce, Nd, Pr (LREE) ва Sm, Eu, Gd, Dy, Yb, Lu, Y (HREE). Карбонатитҳо сарчашма муҳими металлҳои стратегӣ ба ҳисоб рафта, дорои ниобий, торий ва стронсий мебошанд. Элементҳои заминҳои нодир дар минералҳои бастнезит, монатсит, ксенолит, пирит ва гадолинит ҷамъ мешаванд.

Инчунин дигар ходимони илмии озмоишгоҳ бо маърузаҳои илмӣ баромад карданд. 

Дар қисми муҳокима маърузачиён ба саволҳои иштирокчиёни семинари илмӣ ҷавоб доданд.

Дар анҷоми семинар иштирокчиён аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро таъкид намуда, зарурати мунтазам баргузор намудани семинарҳои илмиро пешниҳод карданд.


Ашуралиев Соҳибназар

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту