preloader

интизор шавед...

Саҳми модарон дар рушди илм

  • 02-мар-2026
  • 50 дидани саҳифа

  Модар – чароғи хонадон ва сарчашмаи меҳру муҳаббат аст. Нақши модар дар тарбия ва камолоти фарзандон бисёр бузург мебошад, бояд гуфт, ки модар будан на танҳо масъулият, балки шарафи бузург аст. Модар бо меҳру муҳаббат, дониш ва тарбияи дуруст метавонад на танҳо як фарзанди солим, балки як инсони шоиста барои ҷомеа ба воя расонад. Бигзор ҳар модар қадру қимати рисолати худро дарк намуда, бо ифтихор ва муҳаббат ин роҳро тай намояд. Модар аввалин омӯзгор ва аввалин олимест, ки фарзанд аз ӯ дарси зиндагӣ меомӯзад. Пеш аз он ки кӯдак ба мактаб қадам гузорад, аз оғӯши модар маърифат, ахлоқ ва одоби муоширатро аз худ мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки мегӯянд: “Дониши аввал аз модар оғоз мешавад ”.

  Модарон бо тарбияи насли солим ва босавод ҷомеаро ба сӯи пешрафт мебаранд. Агар модар худ донишманд ва маърифатпарвар бошад, фарзанд низ ба илм рӯ меорад.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои худ борҳо мақому манзалати зан-модарро баланд арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла, таъкид менамоянд:

  “Модар чароғи хонадон, тарбиятгари аввалин ва асосгузори ахлоқу маърифати ҷомеа мебошад”, “Зан – модар тарбиятгари аввалин ва асосии фарзанд буда, ояндаи миллат аз маърифати ӯ вобаста аст”,  “Ҷалби занону духтарон ба илму дониш ва касбу ҳунар яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад”, Мо бояд барои таҳсил ва фаъолияти илмии занон тамоми шароитро фароҳам созем”, “Нақши зан – модар дар рушди ҷомеа, махсусан дар соҳаи маориф ва илм, басо муҳим мебошад”. Дар паёмҳо ва мулоқотҳои худ бо занону бонувон Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ҷомеаи пешрафта бе иштироки фаъолонаи занон дар соҳаҳои илм, техника ва технология имконнопазир аст.

  Ҳамчунин Чаноби Олӣ зикр мекунанд, ки пешрафти давлат аз сатҳи маърифат ва тарбияи оила вобаста аст ва дар ин раванд нақши занону модарон хеле бузург мебошад.

  Маҳз бо ҳамин, мо занон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳар чи бештар ба илм рӯ оварем, сатҳи донишу маърифати худро баланд бардорем ва дар рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем. Мо дарк менамоем, ки пешрафти давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти фаъоли ҳар як узви ҷомеа вобаста аст. Зан, ки модар ва тарбиятгари насли оянда мебошад, бояд худ босавод, маърифатпарвар ва соҳибкасб бошад. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем фарзандони донишманду ватандӯст ба воя расонем.

  Модар танҳо касе нест, ки соҳиби диплом ё унвони илмӣ аст. Ҳар модаре, ки барои тарбияи дурусти фарзанд кӯшиш мекунад, китоб мехонад, таҷриба меомӯзад ва бо замон ҳамқадам аст, худ як олим аст. Ӯ табиби рӯҳи фарзанд, равоншиноси хонадон ва роҳнамои зиндагист.

  Модарон дар соҳаи илм нақши муҳим ва илҳомбахш доранд. Онҳо на танҳо дар тарбияи насли нав саҳм мегузоранд, балки бо кашфиёту таҳқиқоти худ ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунанд. Имрӯз занону модарон дар тамоми бахшҳои илм – аз тиб ва технология то физика, геология ва кайҳоншиносӣ –  фаъолона кору фаъолият доранд.

  Бисёриҳо бар он назаранд, ки ҳамзамон пеш бурдани зиндагии илмӣ ва модарӣ кори осон нест. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки бо ирода, дастгирии оила ва муҳити мусоид ин ду масъулият метавонанд якдигарро такмил диҳанд. Модароне, ки дар илм фаъолият мекунанд, аксаран барои фарзандонашон намунаи меҳнатдӯстӣ, интизом ва ҷустуҷӯи дониш мебошанд.

  Барои афзоиши иштироки модарон дар илм, дастгирии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мувофиқ муҳим аст. Вақте модар дар илм муваффақ мешавад, ин муваффақият на танҳо шахсӣ, балки иҷтимоӣ низ мебошад.

  Модарон дар соҳаи илм на танҳо муҳаққиқу ихтироъкор, балки тарбиятгари насли ояндаанд. Онҳо бо дониш, сабр ва ирода исбот мекунанд, ки илм ва модарӣ метавонанд дар як роҳ ҳамқадам бошанд. Ҷомеае, ки модарони донишманд дорад, ояндаи устувору равшан хоҳад дошт.

  Саҳми модарон дар рушди илм пеш аз ҳама дар тарбияи насли босавод ва худшинос зоҳир мегардад. Ҳар қадар модар донишманду маърифатпарвар бошад, ҳамон қадар ҷомеа ба сӯи рушду тараққиёт меравад. Аз ин рӯ, эҳтироми модар – эҳтироми илм, маърифат ва ояндаи миллат аст.

  Ходими калони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимзода Манижа Раҳмон

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту