Бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди фаъолияти касбӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии шабакаи мониторинги сейсмикӣ, дар пойгоҳи сейсмо-геофизикии Шаҳритус корҳои ободонӣ ва таъмири асосӣ анҷом дода шуданд.
Натиҷаи арзёбии ҳолати техникии бино нишон дод, ки дар давоми солҳои охир қисми муайяни иншоот бинобар фарсудашавии конструксияҳои сохтмонӣ ба таъмири ҷиддӣ ниёз дошт. Бархе аз утоқҳои корӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дошта, ба фаъолияти мунтазами кормандон монеа эҷод мекард ва ба ин васила барои кормандон шароити корӣ набуд.
Дар доираи тадбирҳои амалигардида таъмири пурраи утоқҳои корӣ анҷом дода шуда, деворҳо рангубор гардиданд. Ҳамзамон, дару тирезаҳои кӯҳна бо дару тирезаҳои пластикии нав иваз карда шуданд, ки ин иқдом ба беҳтар гардидани низоми гармидиҳӣ, ҳифзи реҷаи ҳароратӣ ва таъмини шароити корӣ мусоидат менамояд.
Илова бар корҳои таъмирӣ, дар ҳудуди пойгоҳ корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ идома дошта, муҳити атроф мутобиқ ба талаботи меъёрҳои санитарӣ ва техникии муосир ба тартиб дароварда шудааст. Ободу зебо гардонидани муҳити корӣ омили муҳим дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон ва нигоҳдории инфрасохтори илмӣ ба ҳисоб меравад.
Пойгоҳи сейсмикию геофизикии «Шаҳритус», ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус фаъолият менамояд, яке аз зерсохторҳои муҳими низоми ягонаи мониторинги сейсмикии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар омӯзиш ва сабти равандҳои геодинамикӣ нақши калидӣ дорад.
Қобили таъкид аст, ки корҳои таъмиру ободонӣ бо дастгирии пайвастаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. ва директори институт Сафарзода Н.С. амалӣ гардида истодаанд. Маҳз таваҷҷуҳи доимӣ ва мусоидати онҳо ба рушди инфрасохтори илмӣ, барои пешрафт ва барқарорсозии пойгоҳҳои сейсмикӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Расмҳои ҳолати бино ва ҳуҷраҳо пеш аз таъмир
Расми ҳолати бино пас анҷоми корҳои таъмирӣ.
Мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ
Ёқубзода Ш.А.