preloader

интизор шавед...

Наврӯзатон хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!

  • 19-мар-2026
  • 23 дидани саҳифа

Ҳамдиёрони азизу гиромӣ! Якояки Шуморо ба фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ самимона муборакбод менамоям.

Миллати хушбахтем, ки ҷанворае бо номи Наврӯз дорем ва он имрӯз бо гузашти асрҳо ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст. Яъне ҷашнеро, ки ниёгони некноми мо асос гузоштанд, имрӯз онро чун рӯзи дигаргунии авзои табиат, эҳёи дубораи гулу сабза ва ҳама хубиҳову хушиҳои зиндагӣ оламиён таҷлил мекунанд. 

17 сол пеш мо шоҳиди ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият шудани Наврӯз будем. Баъди як сол, яъне 16 сол пеш (23 феврали соли 2010) Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.

Боиси сарафрозии ҳар кадоми мост, ки ин тадбир бо ҷидду ҷаҳду пешниҳоди сарварони зумрае аз кишварҳои минтақа амалӣ шуд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони ин иқдом буданд.  

Мо эҳёи Наврӯзи бостониро яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати фарҳангии Тоҷикистон меномем, зеро маҳз бо кўшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти кишварҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо, 23-юми феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома қабул кард. Дар он, аз ҷумла зикр гардида буд, ки ҳамасола 21-уми март ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар сар то сари ҷаҳон таҷлил карда шавад. 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худ аз бузургиву азамати Наврӯз ёд мекунанд. Чуноне фармуданд: “Наврӯз дар пешрафти фарҳанги халқи тоҷик аз қадимтарин ва муқаддастарин оини ниёгони мо маҳсуб ёфта, он аз фарорасии фасли зебои сол Баҳор ва оғози соли нави аҷдодӣ паём мерасонад. Асолати иҷтимоии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти тафаккури созандаву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироии мардумон аст” 

Пешвои миллат, ки як сиёсати фарҳангдӯстонаро аз оғоз то кунун дар амал татбиқ мекунанд, ба ин назаранд, ки Наврӯз дорои аҳаммияти хос дар ҷодаи хештаншиносии миллати тоҷик мебошад, зеро бунёди миллат аз забон, фарҳанги бойю рангин, ки Наврӯз ҳам аз ҳамин зумра аст, сарчашма мегирад. 

Ин марди саропо хираду андеша аз нахустин рӯзҳои сарварии худ ба эҳёти кулли ҷашну маросимҳои миллии мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин саодатест, ки хеле кам ба идҳои миллии халқҳои дигари сайёра даст додааст. Як сабаб дар дарки маънавиву руҷуъ ба таърих ва фарҳанги миллат аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба фалсафаи ин ҷашни шукуфтанҳову рустанҳо таваҷҷуҳ кардаву гуфтаанд: “Наврӯз паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарафманди мо аз қаъри ҳазорсолаҳост, ки накутарин ва зеботарин ойини будану зистанро ба мардум талқин мекунад. Дар сиришти ин ҷашни куҳанбунёди аҷдодӣ оромишу осоиш, эҳёву созандагӣ, назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳуму тавозун ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат таҷассум ёфтаанд” 

Имрӯз ҳеч сокини Тоҷикистони азиз дур аз ин ҷашнвора нест, мо ҳама фарорасии онро баъди зимистони сарду пурбарфу борон интизорӣ мекашем. Вақте Наврӯз фаро мерасад, дари ҳикмати табиат бароямон бештар во мешавад ва мо шоҳиди он меградем, ки табиати мурдаву сардшуда дубора зинда мешавад, Офтоб дигаргуна нурпошӣ мекунад, борон чун раҳмати Илоҳӣ мерезад ва саҳроро сабз мегардонад, табиат мешукуфад, дарахтон муғҷа мебанданд ва худро барои туҳфаи ҳосили нав аз меваҳои шаҳдгуна омода месозанд. 

Ҳоло имрӯзҳо ҳар касе табиатро мушоҳида мекунад, ин ҳамаро ба чашми худ мебинад. 

Ниёгони мо Соли нави худро маҳз дар ҳамин даврони аз нав зинда шудани табиат ҷашн мегирифтанд, ки ин гувоҳи хиради азалӣ ва донишу фаҳмиши илмии онҳо буд, ки ба мо, имрӯзиён чун мероси гаронбаҳо расидааст. 

Фарорасии Нварӯзро бори дигар ба ҳамкорон, дӯстон, ҳамкасбон ва азизони дигар шодбош мегӯям. 

Наврӯзатон пирӯз бод, 

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод”

Бо камоли эҳтиром, Носир САФАРАЛИЗОДА, Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту