preloader

интизор шавед...

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст

  • 18-мар-2026
  • 5 дидани саҳифа

Зи  кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрўзӣ.

Ҳофиз

        Наврӯз аз қадимитарин ҷашнҳои мардуми тоҷику форс ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва бино ба навиштаи манбаъҳои таърихиву адабӣ ин ҷашни сарсабзиву хуррамӣ аз шоҳ Ҷамшед ба мо ба мерос мондааст. Бино ба ривоятҳо  шоҳ Ҷамшед дар ҳамин рӯз ба тахт менишинад ва мардум ин рӯзро ҷашн мегиранд.  Аслан 21-март баробаршавии шабу рӯз мебошад. Деҳқон аввалин донаи худро ба замин кишт мекунад. Наврӯз  ин оғози рӯзи нав, соли нав ва эҳёи табиат мебошад..

      Бо ташаббус ва пешниҳоди  инсонпарварона ва ватандӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, ки ин боиси ифтихори мо мардуми тоҷик ва мардумони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад. Акнун Наврӯзи ниёгони моро дар саросари ҷаҳон таҷлил менамоянд. Имрӯз Наврӯз  ҳамчун мероси фарҳангии беназир дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст. Созмони миллали муттаҳид ва ЮНЕСКО  онро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги ҷаҳонӣ  ворид намудаанд.

      Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ дар ин болра фармуда буданд: “Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.Вобаста ба ин, хотиррасон месозам, ки арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор барои ташаккули маънавиёти наслҳои имрӯзу оянда нақши калидӣ дорад”.Наврӯз  дар Тоҷикистони азизи мо ба як шукӯҳу шаҳомати баланд ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни гул дар чамани Наврӯз  аст,

 Тоҷикистон ватани Наврӯз  аст.

        Чун Наврӯз  фаро расад аз хонаю кошонаи худ кӯрпаю кӯрпача  ва хуллас тамоми он чӣ, ки дар хона ҳаст ба берун мебароранд, то ин ки аз тозагиҳои соли нав баҳра баранд. Дар ин иди ниёгон бачаҳо ба кӯҳу саҳро барои чидани гулҳои Наврӯзӣ мераванд ва таронахонӣ мекунанд. Писарон ва калонсолон бошанд, чун анъана ба гӯштингирӣ, бузкашӣ, бандкашӣ машғул мешаванд. Занону духтарон ба тайёр кардани ғизоҳои миллӣ, аз қабили, суманакӣ, оши бурида, шакароб ва ғайра машғул мешаванд,.

Чун анъана иди Наврӯз фаро расад дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азизамон дастархони идонаи наврӯзӣ ҳафт сину ҳафт шин ороста  мешвад. Маъмулан ҳангоми тайёр кардани ин гуна ғизоҳо бонувон таронахонӣ мекунанд:

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб мо  дафча занем.

     Тамоми шоирон ва нависандагон дар васфи Наврӯзи  аҷам шеърҳо ва китобҳо эҷод караанд, ки ин аз муҳаббати зиёд ба ин ҷашни фарҳангии миллати тоҷику форс ба ҳисоб меравад.

    Ман аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми миллати азизамонро ва дар симои  он тамоми мардуми оламро, ки  ин иди бошукӯҳ Наврӯзи дилафрӯзро ҷашн мегиранд, табрику таҳният гуфта таманнои онро дорам, ки  дар ин Соли нав  чӣ орзую нияти неке, ки дар дил доранд,  бигзор амалӣ гардад.

Бори дигар Наврӯз дӯстони азиз!

Беҳрӯз Аламов, ходими илмии гурӯҳи коркарди маълумотҳои сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмомлогияи АМИТ.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту