preloader

интизор шавед...

Маркази мониторинги сейсмикӣ: моҳият, сохтор ва аҳамияти илмӣ-амалӣ

  • 02-апр-2026
  • 53 дидани саҳифа

Маркази мониторинги сейсмикӣ яке аз унсурҳои калидии низоми кунунӣ омӯзиш, арзёбӣ ва мониторинги хавфи заминҷунбӣ ба шумор меравад. Ин Марказ маҷмуи пойгоҳҳои мушоҳидавии сейсмикӣ мебошад, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҷойгир шуда, барои сабт, пазиришу фиристодан ва таҳлили додаҳои сейсмикӣ хизмат мерасонанд.

Нақш ва вазифаҳои асосии Маркази мониторинги сейсмикӣ

1. Пойгоҳҳои сейсмикӣ (сейсмометр) бо истифода аз асбобҳои ҳассос ларзишҳои заминро сабт менамоянд. Дар асоси ин додаҳо параметрҳои асосии заминҷунбӣ, аз ҷумла вақти рӯйдод, координатаҳои эпимарказ (эпицентр) ва гипомарказ (гипоцентр), жарф ва магнитуда муайян карда мешаванд.

2. Марказ имкон медиҳад, ки режими сейсмикии минтақа ба таври пайваста мониторинг карда шавад. Ин барои таҳлили равандҳои тектоникӣ, фаъолшавии кафишҳои тектоникӣ ва тағйироти геодинамикӣ аҳамияти муҳим дорад.

3. Додаҳои бадастомада барои сохтани харитаҳои минтақавӣ ва маҳаллии хавфи сейсмикӣ, спектрҳои хатар, инчунин барои микроноҳиябандии сейсмикӣ истифода мешаванд. Ин додаҳо дар тарҳрезии иншоот ва банақшагирии шаҳрсозӣ нақши муҳим дорад.

4. Додаҳои марказ барои омӯзиши сохтори қабатҳои Замин, хусусиятҳои паҳншавии мавҷҳои сейсмикӣ, ҳаракати плитаҳои тектоникӣ ва равандҳои геодинамикӣ истифода бурда мешавад. Ин самт ба рушди сейсмологияи назариявӣ ва амалӣ мусоидат мекунад.

5. Пас аз рух додани заминҷунбӣ Марказ маълумоти фаврӣ ва боварибахшро пешниҳод менамояд, ки барои арзёбии дараҷаи харобӣ, муайян кардани минтақаҳои бештар осебдида ва созмон додани корҳои наҷотдиҳӣ зарур аст.

Принсипи пазириш ва фиристодани додаҳои сейсмикӣ

Дар ҳар як пойгоҳи сейсмикӣ асбобҳои махсус, аз ҷумла сейсмометрҳо ва акселерометрҳо насб карда шудаанд:

- Сейсмометр барои сабти ларзишҳои заиф ва мавҷҳои дур (аз ҷумла мавҷҳои телесейсмикӣ) хизмат мекунад;

- Акселерометр барои ченкунии суръатбахшии ҳаракатҳои сахти замин, махсусан ҳангоми заминҷунбии шадид, истифода мешавад.

Ин асбобҳо ҳаракати механикии заминро ба сигналҳои электрикӣ табдил медиҳанд. Сипас, сигналҳо рақамӣ гардонида шуда, ба шакли додаҳои рақамӣ сабт мешаванд.

Пазириш ва фиристодани додаҳо аз пойгоҳҳо ба Маркази мониторинги сейсмикӣ тавассути каналҳои гуногуни алоқа амалӣ мегардад, аз ҷумла:

- шабакаҳои интернетӣ (IP-технологияҳо),

- алоқаи моҳвораӣ,

Дар Маркази мониторинги сейсмикӣ маълумотҳо ба таври худкор  коркард шуда, ошкоркунии ҳодиса, муайянкунии параметрҳо, полоиши сигнал ва таҳлили спектралӣ анҷом дода мешавад. Сипас ин маълумот барои корбарон, таҳлилгарон, инженерон ва хадамоти фавқулодда дастрас мегардад.

Ҳамаи пойгоҳҳои сейсмикие, ки дар Марказ мавриди истифода қарор доранд, ба шабакаи байналмилалии IRIS — Incorporated Research Institutions for Seismology (Ассотсиатсияи муассисаҳои тадқиқотӣ дар соҳаи сейсмология), ки қароргоҳи он дар ИМА воқеъ мебошад, пайваст мебошанд.

Ҳамзамон, Марказ бо як қатор шабакаҳо ва муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла IRIS, GEOFON, Муассисаи давлатии буҷетии илмии федералӣ — Маркази федералии тадқиқотии «Хадамоти ягонаи геофизикии Академияи илмҳои Русия» (ФГБУН «Федеральный исследовательский центр «Единая геофизическая служба Российской академии наук»), инчунин Маркази миллии додаҳои Қазоқистон (Казахстанский национальный центр данных) ва дигар ташкилотҳо ҳамкории зичи илмӣ-техникӣ ба роҳ мондааст.

Ходими илмии Маркази мониторинги сейсмикии ИГСЗТС АМИТ Шарифов Умедҷон Амиргулхонович

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту