
Дуюми апрели соли равон дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Президенти АМИТ, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Саҳми профессор А.Р. Файзиев дар пешбурди илми геологияи тоҷик”доир гардид.
Дар кори семинар намояндагон ва мутахассисону олимони сохторҳои соҳавӣ, аъзоёни Раёсати АМИТ ва зерсохторҳои он иштирок доштанд.
Семинарро директори ИГСЗТС АМИТ, номзади илмҳои геология ва минералогия Носир Сафарализода ифтитоҳ намуда, дар бораи роҳи илмии тайкардаи донишманди маъруф, устод Абдулҳақ Файзиев ибрози назар намуд.

Зимни суханронии худ Директори Инстиут зикр кард, ки саҳми устод Абдулҳақ Файзиев дар илми ҷаҳонӣ хело назаррас аст. Ӯ бидуни шак як шахсияти эътирофшуда дар риштаи худ дар сатҳи байналмилалист. Натиҷаи ҳама таҳқиқоту саҳмгузориҳои назарраси устод буда, ки соли 2007 як зумра олимони Русия ва Канада ба шарафи он кас минерали наве, ки дар мавзеи Дараи Пиёзи қаторкӯҳҳои Туркистону Олой кашф намуда буданд, Файзиевит номгузорӣ карданд. Гузашта аз он, як намуди организми сангшуда (конодонт) низ ба номи ин олими бузург – Polignatus Falzievi номгузорӣ шудааст. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки устод Абдулҳақ Раҷабович Файзиев узви фахрии Ҷамъияти минералогии Русия ва академики Академияи илмҳои табиатшиносии Аврупо гардида буданд.
Ҷолиби зикр аст, гуфт, директори Институт, Сафарализода Н.С., ки устоди раҳнамои мо Абдулҳақ Файзиев на танҳо дар соҳаи илму таълим ва истеҳсолот, балки дар соҳаи варзиш низ пешсаф буданд. А.Р. Файзиев давоми 20 сол узви дастаи яккачини шамшербозони Тоҷикистон буданд ва дар Спартакиадаи якуми халқҳои собиқ ИҶШС (соли 1956) дар шаҳри Маскав иштирок кардаанд ва яке аз беҳтарин шамшербозони Осиёи Миёна эътироф шуда буданд.

Зиндагиномаи профессор Абдулҳақ Файзиев барои мо шогирдону ҷавонон як намунаи олии ватандӯстӣ, заҳматдӯстӣ ва садоқат ба илми тоҷик мебошад, гуфт дар поёни суханронии худ Носир Сафарализода.
Дар ҷаласаи пленарии семинар Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода перомуни ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, педагогӣ ва таълимии профессор Абдулҳақ Файзиев суханронӣ кард. Академик Қобилҷон Хушвахтзода зикр намуд, ки профессор Абдулҳақ Файзиев дар давоми фаъолияти пурсамари кориву эҷодии худ асарҳои зиёде рӯи чоп овард. Навиштаҳои илмии ин шахсияти волои илми геология ба соҳаи минералогия, термобарогеокимиё ва шароити пайдоиши конҳои оҳан, тилло, нуқра, сурб, руҳ, оникси мармарӣ, аметист, барит ва ғайра бахшида шудаанд.

Президенти АМИТ дар бахши дигар аз суханронии хуб иброз дошт, ки профессор Абдулҳақ Файзиев нахустин шуда дар массивҳои ишқории Дункелдик (Помири шарқӣ) ва Дараи Пиёз (Тоҷикистони Марказӣ) пайдоиши карбонатитиро ошкор ва муфассал омӯхтаанд. Дар кони Дункелдик захираҳои бузурги флюориту элементҳои нодир ва дар мавзеи Дараи Пиёз пайдоишоти нави карбонатитиро бори нахуст бо ҳамроҳии шогирдонашон ошкор кардаанд. Ба пайдоишоти карбонатитӣ хелҳои гуногуни унсурҳои камёфту пароканда, металлҳои ранга ва ғайра хосанд.
Академик Қобилҷон Хушвахтзода дар идомаи суханронии худ ба масъалаи омода кардани кадрҳои донишманду пешрафта аз ҷониби профессор Аблулҳақ Файзиев таваҷҷуҳ кард ва иброз дошт, ки марҳум дар тайёр кардани кадрҳои баланихтисоси илмӣ низ саҳми беандоза бузург гузоштаанд. То лаҳзаи вопасини ҳаёти худ профессор Файзиев А.Р. ба арсаи илму истеҳсолот 22 номзади илм ва 2 доктори илмҳои геология ва минералогияро тарбият кардаанд. Гузашта аз ин Абдулҳақ Файзиев дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошта, Тоҷикистони моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардаанд. Мавсуф узви Ассотсиатсияи кристаллографҳои Аврупо, раиси бахши Тоҷикистонии Иттиҳодияи термобарогеокимиёшиносонии Осиё, Уқёнуси Ором ва кишварҳои ИДМ, аъзои зеркомиссияи Осиёи Марказии Комиссияи иктишофии минералогӣ ва харитакашии кишварҳои ИДМ, аъзои комиссияи давлатии ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, узви комиссияи методии Ҷамъияти умумироссиягии минералогӣ ва Шурои петрографии Осиёи Миёна буданд.

Дар ҷаласаи пленарии семинар инчунин яке аз шогирдони аввалини устод Файзиев А.Р. муовини вазири энергетика Шарифа Худобахш низ баромад намуда, дар хусуси роҳи тайнамудаи устод Файзиев А.Р. ибрози назар намуд. Сахтгирии устод ва меҳрубониву дилсӯзии Абдулҳақ Файзиевро шогирдашон Шарифа Худобахш самимона зикр намуда, иброз дошт, ки устод барои мо – шогирдон ҳам роҳбар буданду ҳам падари маънавӣ. Дар дилхоҳ соҳаи илму истеҳсолоти геологӣ имрӯз шогирдони устод Файзиев А.Р. барои халқу ватани азизамон хидмат менамоянд, ки мо шогирдон пайваста аз ин ифтихор мекунем.

Дар кори семинари илмӣ-амалӣ ходимони пешбари илмии Институт Мавлонӣ С., Ғафурзода Ф. Ғ., Файзиев Ф. А. ва Сафарализода Н.С. бо маърузаҳои илмии худ баромад намуданд. Докторони илмҳои геология ва минералогия Ғафурзода Ф.Ғ. ва Файзиев Ф.А. дар баромадҳои худ ҷиҳати дастовардҳои илмии ин шахсияти шинохта устод Файзиев А.Р. чанд нуктаи назарро иброз намуда, зикр намуданд, ки профессор Файзиев А.Р. дар баробари тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, инчунин инсони шариф ва марди фозил буданд. Дар ошкор намудани чандин падидаҳои маъданиву кони канданиҳои фоиданок бевосита саҳми бузург гузоштанд. Хусусан, кашфи кони унсурҳои нодир ва флюорити Дункуелдики Помири шарқӣ ва Конимансури Калон бевосита саҳим буданд.

Дар Тоҷикистон устод Файзиев А.Р, мактаби бонуфузи термобарогеокимиёшоносонро созмон дода буданд.
Семинар дар сатҳи баланди илмӣ ва бо баҳсу музокираҳои илмӣ сурат гирифта, дар он масоили илмии замони муосири геологӣ мавриди ҳаллу қарор гирифтанд.