
Наврӯз ягона иди иди миллии мост, ки пирӣ намепазирад. Ҳар рӯз аз оғози он ба баъд ҷашн гиранд, боз ҳам ҷавон аст. Чун иди Баҳори нозанин аст. Ва Баҳор худ мавсими сабзу шукуфоист, ки дилҳоро сафо мебахшад, рӯҳро бо зебогиву таровати худ нуронӣ мекунад.
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла ба парвоз шуданд,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Баҳору Наврӯз мавсими Ишқу шукуфоии оламу одаманд. Дар ин фасл инсонҳо аз эҳёи дубораи табиат хушнуд мешаванд, чаманзоронро макони тамошо медонанд, ба гулистон мераванд, то баъди як сардии тӯлонӣ гармии муҳаббатро эҳсос кунанд. Ин байти шоир ҳам аслан ба ҳамин маънист:
Булбулон аз шавқи гул ҳар ҷо ба фарёд омаданд,
Кам наем аз булбулон, мо низ фарёде кунем!

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ низ дохили бино як гӯшаи зебои баҳорӣ сохтанд ва гирди рамзҳои Баҳору Наврӯз базми шодиву сурур барпо карданд.
Рӯзе буд кормандон бо муҳаббату эҳтиром ба ҳам туҳфаи наврӯзӣ оварданд ва аз он туҳфаҳо дастурхони идона оростанд.
Меҳмон даъват карданд, то шодии худро ба ҳам бинанд.
Меҳмонон омадан аз ҳар сӯ. Ҳайате аз Академияи миллии илмҳо бо сарварии Президенти АМИТ академик Қобилҷон Хушвахтзода ин базмро ва шодиҳоро нуронитар карданд.
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ба анъанаҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Бахусус, директори Институт Носир Сафарализода як инсони аз анъанаҳои миллӣ бохабар, аз фаласафи Наврӯз огоҳ аст, ки талош мекунад ҳамасола барои кормандон ин ҷашнвора тантанаи хос дошта бошад ва то Наврӯзи дигар садои савту суруд, хандаву шӯхӣ аз гӯшу ёдҳо наравад.