
Дирӯз, 3-юми апред, дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ бо ширкати коршиносон ва пажӯҳишгарони байналмилалӣ дар мавзуи “”Тарроҳӣ ва сохтмон дар шароити махсус” семинари илмӣ ва амалӣ баргузор шуд. Дар кори семинар ноиби президенти АМИТ доктори илмҳои техникӣ, профессор Темур Амонзода иштирок намуд.
Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, номзади илмҳои геология ва минералогияНосир Сафарализода семинарро ифтитоҳ намуд ва ширкакунандагонро хайрамақдам гуфт.

Вай дар суханони муқададмотии худ бо ишора ба ин ки вақтҳои охир роҳандозии семинарҳои илмиву нишастҳо ва мизҳои гирд дар Институт ба ҳукми анъана даромадааст, афзуд, ки мавзуи имрӯзаи семинари илмӣ-оммавӣ, ки бо ширкати пажӯҳишгарони варзидаи хориҷӣ баргузор мешавад, низ аз муҳимтарин мавзуҳои рӯз буда, баррасии мушкилоти мавҷуда хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Дар семинар ноиби президенти ҷомеаи байналмилалии механикаи хок ва геотехника, профессор Шу Кеҳ-Ҷиён (Тайван) дар мавзуи “Хатари рониши замин (ярч) дар чаҳорчӯби тағйири обу ҳаво” суханронӣ кард.

Маврид ба ёдоварист, ки Шу Кеҳ-Ҷиён профессори кафедраи муҳандисии сохтмонии Донишгоҳи миллии Чунг-Ссинги Тайван буда, дар самти манфиатҳои муҳандисии геотехникӣ, механика/муҳандисии санг, хатарҳои гео ва технологияҳо таҳқиқотҳои арзишманд анҷом додааст. Дар доираи пажӯҳишҳои худ номбурда зиёда аз 200 мақолаи илмӣ нашр кардааст. Ӯ ҳамзамон муҳаррири маҷаллаи илмии "Технологияи нақбканӣ ва фазои зеризаминӣ" (SCI) ва муҳаррири ёвари маҷаллаҳои "Технологияи нақбканӣ ва таҷрибаи системаҳои лӯлаӣ" (ASCE) ва маҷаллаи "Механикаи санг ва муҳандисии геотехникӣ" (SCI) низ мебошад.
Ширкаткунандагон ҳамчунин маърӯзаи профессори Донишгоҳи Кореяи Ҷанубӣ Чонг-Суб Лиро дар мавзуи “Хусусиятҳои таъсисоти партобгоҳҳо дар сарбандҳо” шуниданд.
Дар семинар мудири лабораторияи таҳқиқотҳои комплексии геофизика ва сейсмологии Институт, доктори илмҳои минералогия, профессор Ф.Х.Каримов “Механизмҳои заминларзаҳои пиряхӣ”, Директори ҷамъияти саҳҳомии кушоди «ГИИНТИЗ» Р. Саидов “Натиҷаҳои таҳқиқоти муҳандисӣ ва геологӣ асоси тарҳрезӣ ва сохтмон”, корманди пешбари Институт Д. Муродов “Истифодаи зондкунии резонанси басомади сейсмикӣ (SFRT) дар ҷустуҷӯи геофизикӣ”, сардори шуъбаи ташхиси давлатии лоиҳаҳо Алидод Ҳакимов “Таҷриба дар тарроҳӣ ва сохтмони таҳкурсии сутунӣ дар Душанбе”, корманди пешбари илмии Институт Пӯлод Аминзода “Арзёбии муқовимати ларзаии як сохтмони баланошёна аз дидгоҳи хатари эҳтимолии сейсмикӣ”, корманди пешбари илмӣ Ш.Шозиёев ва корманди Институт А. Швартс “Таҳлили тектоникии сейсмикӣ дар бораи тарқишҳои фаъол дар Тоҷикистон бар асоси каталоги Хадамоти геологии ИМА (1902-2024)”, корманди пешбари илмии Институт А.Сангинов “Моделсозии таъсири мутақобилаи динамикии бино бо таҳкурсии замин”, корманди хурди илмии Институт Шодмони Муъмин “Таҳлили муқоисавии усулҳои ҳисоб кардани мустаҳкамии унсурҳои хамшавии оҳану бетонӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ”, мудири лабораторияи тобоварии сейсмикии иншооти гидротехникии Институт Е.Ёдгоров, “Таъсири заминларзаҳо ба тағйирёбии режими полоишӣ тавассути асли сарбанд”, корманди илмии Институт Э.Облоқулов “Ларзиши бинои неругоҳи барқӣ-обӣ ҳангоми кори агрегатҳои барқӣ” баромад карданд.

Дар поёни семинар миёни ширкаткунандагон дар доираи мавзуъҳои баррасишуда табодули афкор сурат гирифт

