preloader

интизор шавед...

Ҳимояи рисолаи илмии «Хусусиятҳои пайдошавии равандҳои ярчӣ дар рӯди Сурхоб бо назардошти таъсироти сейсмикӣ»

  • 14-апр-2026
  • 125 дидани саҳифа

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ҳимояи рисолаи илмии мудири шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ Ёқубзода Шокир Абулфайз дар мавзуи «Хусусиятҳои пайдошавии равандҳои ярчӣ дар рӯди Сурхоб бо назардошти таъсироти сейсмикӣ» бомуваффақият баргузор гардид.

Ҳимояи мазкур дар Шурои муштараки диссертатсионии 6D.KAO-057 назди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланди касбӣ ва бо риояи пурраи талаботи меъёрии амалкунанда доир шуд.

Ин рисола, ки таҳти роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Саидов Мирзо Сибгатуллоевич омода шудааст, барои омӯзиши равандҳои муҳандисӣ-геологӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ аҳаммияти илмию амалӣ дорад.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бахусус бо ташаббус ва дастгирии президенти он,  академик Қобилҷон Хушвахтзода ва кӯшишҳои пайвастаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Носир Сафарализода таваҷҷуҳ ба тарбияи насли нави олимон ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. 

Ин раванд пеш аз ҳама дар доираи татбиқи бомуваффақияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва дигар барномаҳои давлатии рушди илм амалӣ карда мешавад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ тамоми имкониятҳои худро барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нерӯи илмии кишвар сафарбар намудаанд.


Аксҳо аз ҷараёни ҳимояи рисолаи номзадии Ёқубзода Ш.А., 10.04. соли 2026

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июнь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту