preloader

интизор шавед...

Манижа Раҳимзода - ифтихори мо

  • 15-апр-2026
  • 149 дидани саҳифа

Бо фармоиши раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 1-уми апрели соли 2026, № 109/ди ба Раҳимзода Манижа Раҳмон - ходими калони илмии гурӯҳи технологияи геоиттилоотӣ ва зондкунии дистансионии Институт барои сарбаландона дифоъ намудани рисолаи илмӣ аз руйи ихтисоси 25.00.08 - Геологияи инженерӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ унвони номзади илмҳои геология ва минералогия дода шуд.

Манижа Раҳимзода 8 декабри соли 2025 аз рӯи ихтисоси илмҳои геология ва минералогия рисолаи номзадии худро дар мавзӯи "Қонуниятҳои рушди равандҳои геологии экзогенӣ дар водии дарёи Ғунд"  бомуваффақият ҳимоя карда буд. Бо ҳамин сафи олимони ҷавони унвондори Институт боз як нафар афзуд.

Манижа Раҳимзода дар рисола натиҷаҳои таҳқиқоти ҳамаҷонибаи тақсимоти фазоӣ ва омилҳои рушди ярчҳо, лағжишҳо ва тармаҳо дар водии дарёи Ғунд бо истифода аз технологияҳои муосири системаи геоиттилоотӣ (ГИС) ва усулҳои таҳлили миқдориро ба риштаи таҳлилу таҳқиқ кашидааст.

Дар ин рисола муаллиф баъди пажӯҳишҳои зиёди амалӣ қонуниятҳои рушди равандҳои хатарноки экзогениро муайян намуд, нақшаҳои мавҷуд ва моделҳое аз ҳассосияти  қаламрав ба ташкили ярч, сангрезиш ва тармаро таҳия кард.

Навоварии илмии ин таҳқиқот сазовори таваҷҷӯҳи хос, аз ҷумла таҳлили ҳамбастагӣ ва вобастагии (коррелятсияи) падидаҳои экзогенӣ, истифодаи усули таносуби басомад ва эҷоди харитаҳои ҳассосият бо арзиши баланди пешгӯикунанда. 

Тавсияҳои амалии таҳқиқотро метавон барои арзёбии хатарҳои табиӣ, банақшагирии истифодаи замин, мониторинги равандҳои хатарнок ва таҳияи чораҳо барои коҳиш додани хатарҳои геологӣ дар ВМКБ ва дигар минтақаҳои Помир истифода бурд.

Роҳбари корӣ илмӣ  Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон – номзади илмҳои геология ва минерология, Сардори саридораи гелогияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба он доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Лаврусевич Андрей Александрович ва  номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандиси факултети геология ДМТ Андомиён Радҷабалӣ Шамс  тақриз навишта буданд. 

Маврид ба таъкид аст, ки дар замони муосир рушди илм ва раванди босуръати он тамоми соҳаҳои зиндагии башарро фаро гирифтааст ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ аз зумраи боргоҳҳои илмие, маҳсуб меёбад, ки дар ҷумҳурӣ корҳои илмию тадқиқотиро дар самти геология, сейсмология ва сохтмон пеш мебарад.

Маъмурият, ҳайати ходимон ва кормандон Раҳимзода Манижа Раҳмонро барои сазовор шудан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои геология ва минералогия табрику таҳният гуфта, барояш саломативу сарбаландӣ ва фаъолияти пурсамари илмиро дар оянда таманно доранд.

Умедворем, ки ӯ минбаъд низ дар ҷодаи илм ба мувафақиятҳои назаррас ноил гашта, саҳми арзандаи хешро баҳри рушди илми тоҷик мегузорад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Август 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту